Хор дорам
Нуринисо
Мухаммас бар ғазали Гулрухсор
Агар нурам, ба дил сад нор дорам,
Дили н-осудаи бемор дорам,
Ба шабҳо дидаи бедор дорам,
«Зи гулзори муродам хор дорам,
Зи ҳузни шодиям озор дорам».
Набишнид ёри ман аз зораи дил,
Напурсид ҳолати бечораи дил,
Накард бо меҳрубонӣ чораи дил,
«Ба ҳар дилмурда дар каф пораи дил,
Ба ҳар шабмонда машъалнор дорам».
Зи дасти қисматам маҳзун наям, лек
Чу Лайло толиби Маҷнун наям, лек
Ба дарё чун дури макнун наям, лек
«Зи базму анҷуман берун наям, лек
Зи танҳоии танҳо ёр дорам».
Нашуд боре димоғи ман муаттар,
Бувад савдои ишқ як умр дар сар,
Биафтодам ба сад ҷӯю ба сад ҷар,
«Зи савдои ҳунар бебаҳра, безар,
Ба гирди маснадам бозор дорам».
Надорам бар дили шайдо харидор,
Надидам дар ҷаҳон ёри вафодор,
Нахоҳам чидани гулро зи гулзор,
«Гар унвону нишонам нест, бигзор,
Як олам хасми унвондор дорам».
Нуринисо
Қаламонлайн