Фурудгоҳҳои марзии Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ вогузор шуд

Фурудгоҳҳои марзии Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ вогузор шуд

Ахбори минтақа

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, 18 фурудгоҳи маҳаллӣ аз тамоми манотиқи кишвар, бахусус ҳамаи фурудгоҳҳои наздимарзӣ ба Вазорати дифоъ вогузор шуд.

Бар асоси ин санад, ки Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 31-август онро имзо кард ва 25-сентябри соли ҷорӣ дар расонаҳо нашр шуд, фурудгоҳҳои стратегии ҳамҷавор бо Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба ихтиёри Вазорати дифоъ дода шуданд.

Ҳамчунин бар асоси ин санад Вазорати дифоъ муваззаф шудааст, ки бархе аз фурудгоҳҳои кӯҳнаро комилан навсозӣ ва муҷаҳҳаз кунад.

Эҳтимол дорад, ки ин фурудгоҳҳо ба сурати комил дар ихтиёри нируҳои мусаллаҳ қароргиранд.

Ҳамчунин ба гуфтаи бархе коршиносон, иртибот доштани ин тасмими Раҳмон, бо беш аз бист ҳавопаймои низомии амрикоии мустақар дар Тоҷикистонро эҳтимол додаанд.

Лозим ба ёдоварист, баъди ба қудрат расидани толибон, беш аз 50 ҳавопаймои низомии Амрико аз Афғонистонро ба мақсади Тоҷикистон ва  Узбекистон тарк кардаанд.

Соли гузашта хабаре мунташир шуда буд, ки Амрико бо Тоҷикистон ва Узбекистон музокира намуда ва масъалаи эҳдои ин ҳавопаймоҳо ба ин ду кишварро матраҳ кардааст.

Бархе расонаҳо низ бар ин назаранд, ки мушкилоти марзии Тоҷикистон ва афзоиши таҳдидҳои террористӣ дар минтақа Душанберо ба бозсозӣ ва афзоиши тавони зербиноҳои низомии худ водор кардааст.

Бояд гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида муддатест, ки дар паи  таъсиси пойгоҳи низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва шинохти равияи Вашингтон,  эҳтимол меравад, ки дар ибтидо Амрико таҳаррукот ва иқдомоти низомии худ дар минтақаро ба таври ғайримустақим ва бо восита анҷом диҳад. Ва аз тарафе низ радди поҳое аз Амрико дар даргириҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дида шудааст ва сониян, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Амрико дар ҳоли бузургнамоии хатари терроризм дар минтақа, бахусус Тоҷикистон будааст ва ба ин баҳона дар паи ҳузури низомӣ дар Осиёи Марказӣ аст, метаво эҳтимол дод, ки санади мазкур низ ҳамсу бо тарҳи низомии калони Вашингтон дар Тоҷикистон ва минтақа бошад.

Ҳамчунин, иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели кам будани буҷаи низомии Тоҷикистон ва бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои бахше аз ин санад, ки таҷдид, муҷаҳҳазсозӣ ва стандартсозии фурудгоҳҳои кӯҳнаро дарбар мегирад ва харҷи ҳангуфтеро ба бор хоҳад овард, эҳтимоли вуҷуди пуштибонии хориҷӣ дар ин нақшаро бештар мекунад.

Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Коршиноси эронӣ: Амрико дар паи ноамнсозии Осиёи Марказӣ аст
Ереван ҳукми Девони Кайфарӣ алайҳи Путинро тасвиб кард

Матолиби пурбоздид