Фарқи аслии мактаби анбиё ва ҳукамо
“Барои ҳидоят ва роҳнамоии башар ду роҳ аст: яке, роҳи гуфтан ва навиштан ва дигар, роҳи пешқадам шудан.
Ва ҳаргиз гуфтан ба қадри пешқадам шудан асар надорад.
Бузургон гуфтаанд: “Ду сад гуфта чу ним кирдор нест”.
Як фарқ миёни мактаби анбиё ва мактаби фалосифа ва ҳукамо ин аст, ки ҳукамо танҳо аҳли назария ва таълиму тадрис мебошанд ва сару корашон танҳо аз роҳи забон бо афкор ва идрокоти башар аст, вале пайғамбарон ба он чи мегӯянд, қабл аз он ки аз дигарон тақозои амал бикунанд, худашон амал мекунанд ва аз ин рӯ то аъмоқи руҳи башар нуфуз менамоянд, қалбу эҳсосоти башарро таҳти тасарруфи хеш дармеоваранд…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн