Ҳуқуқи мусалмонҳо нисбат ба якдигар

Ҳуқуқи мусалмонҳо нисбат ба якдигар
Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:
لا تَحاسَدوا، ولا تَناجَشوا، ولا تَباغَضوا، ولا تَدابَروا، ولا يَبِعْ بعضُكم على بيع بعض، وكُونوا عبادَ اللهِ إخوانًا، المسلم أخو المسلم: لا يَظلِمُه ولا يَحقِرُه، ولا يخذُلُه، التقوى ها هنا – ويشير إلى صدره ثلاث مرات – بحسْبِ امرئ من الشر أن يَحقِرَ أخاه المسلم، كلُّ المسلم على المسلم حرام: دمه، وماله، وعِرضُه
“Ба якдигар ҳасад маварзед, молеро ба якдигар гаронтар аз қимате, ки ҳаст мафурӯшед, ба якдигар кина маварзед, ба якдигар пушт макунед (ва танҳо магузоред, балки ҳамдигарро кӯмак кунед), болои байъу фурӯши якдигар мафурӯшед (яъне масалан яке аз шумо қарор аст чизе ба фурӯш бирасонад, аммо шумо ба харидор бигӯед, моли ӯро махар, ман бароят арзонтар аз ӯ мефурӯшам). Бародарони ҳамдигар бошед (ки аз робитаи бародарии хунӣ муҳкамтар аст). Мусалмон бародари мусалмон аст. На ӯро зулм мекунад ва на хор ва на таҳқир. Тақво инҷост – се бор ба синаи худ ишора фармуд (яъне дар қалб аст).”
Сипас фармуд: “Мардро аз бадӣ ҳамин бас, ки бародари мусалмони худро таҳқир кунад. Тамоми мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст: хунаш, молаш ва обрӯяш. (Яъне ҳаром аст, ки хуни бародари мусалмони худро бирезед ё молашро ғасб кунед ва ё обрӯяшро бибаред. Ин амалҳо ҳаром аст, чунон ки масалан издивоҷ бо хоҳар ба шумо ҳаром аст.)”
(Саҳеҳи Муслим)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Теҳрон бар идомаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон
Ҳушдори Кореяи Шимолӣ: Силоҳҳои куштори ҷамъии Амрико бузургтарин таҳдид барои ҷаҳон аст

Матолиби пурбоздид