Эрдуғон: Роҳи ҳалли масъалаи Фаластин ташкили давлати фаластинӣ аст
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Туркия гуфт: Масъалаи Фаластин решаи аслии мушкилоти минтақаи мост то замоне, ки ин масъала ба таври одилона ҳал нашавад, орзуи сулҳ дар минтақаи мо ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар маросими кушоиши нахустин маъбадгоҳи масеҳиён дар давраи Ҷумҳурии Туркия дар иртибот бо иттифоқоти ахир дар минтақа гуфт: Сулҳи доимӣ дар Ховари Миёна танҳо дастёбӣ ба як роҳи ҳалли ниҳоӣ барои мушкили Фаластин ва Исроил муяссар хоҳад буд.
Эрдуғон афзуд: Таъсиси як давлати мустақилли фаластинӣ ҳамроҳ бо тамомияти арзӣ ба пойтахтии Қудси (шарқӣ) ниёзи фаврӣ аст. Мо мусаммам ҳастем, ки талошҳои дипломатикиеро, ки барои бозгардондани оромиш оғоз кардаем, ташдиду идомаи диҳем. Туркия омодааст тамоми талоши худро барои таваққуфи сареътари даргириҳову коҳиши таниш, ки бо ҳаводиси ахир ташдид шуда, анҷом диҳад.
Раиси ҷумҳури Туркия дар робита бо ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони Афғонистон дар заминларзаи ахир низ гуфт: Барои бародаронамон, ки дар зилзилаи Афғонистон ҷон бохтанд раҳмати илоҳӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзу дорам.
Tajikpress
Қаламонлайн