Дархости Поп аз Ҳамос ва “Исроил”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши рӯзномаи Guardian
Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон аз Ҳамос хост ҳамаи гаравгонҳои худро озод кунад. Поп ҳамчунин гуфт:
“Аз муҳосараи комили таҳмилшуда тавассути Исроил бар Ғазза бисёр нигарон аст.”
Поп гуфт:
“Барои хонаводаҳое, ки диданд рӯзи ид ба рӯзи азо табдил шуда дуо мекунам ва мехоҳам, ки гаравгонҳо фавран озод шаванд.”
Поп Фронсис бо ишора ба посухи Исроил ба Ҳамос ҳам гуфт:
“Ин ҳаққи касоне аст, ки мавриди ҳамла қарор мегиранд, ки аз худ дифоъ кунанд, аммо ман аз муҳосараи комиле, ки фаластиниҳо дар Ғазза дар он зиндагӣ мекунанд, ки дар он қурбониёни бегуноҳи зиёде низ вуҷуд дорад, бисёр нигарон ҳастам.”
Қаламонлайн