Ҷанг акнун шурӯъ шудааст, аммо Натонёҳу аз пеш шикаст хӯрдааст

Таҳлили хабарӣ
Ҷанг акнун шурӯъ шудааст, аммо Натонёҳу аз пеш шикаст хӯрдааст
Таҳлил
Мақолае таҳлилӣ аз Дэвид Роткопф (David Rothkopf) дар Daily Beast
Ишора: Дэвид Роткопф (David Rothkopf), рӯзноманигори яҳудитабори Омрико ва таҳлилгари масоили ҳавзаи амнияти миллӣ аст. Роткопф дар соли 2012 сардабири нашрияи Foreign Policy шуд. Ӯ узви Шӯрои равобити хориҷии Омрикост. Ӯ муаллифи чандто китоб аз ҷумла “Абартабақа; нухбагони қудрати ҷаҳонӣ ва ҷаҳоне, ки месозанд” аст, ки ба форсӣ низ тарҷима ва чоп шуда. Банда (С.И.) имшаб ба ҷойи ёддошт, тарҷеҳ додам мақолаи ӯро бихонед, ки бо вуҷуди он ки дидгоҳҳои ҷонибгароёна бо Исроил дорад, вале барои ошно шудан бо назароти мақомоти кунунии Омрико дар қиболи фаҷеаи Ғазза, бисёр муфид аст. Зеро Дэвид Роткопф аз наздикон бо Бойден ва тими ӯст. Метавон гуфт, дидгоҳҳои ӯ, дидгоҳҳои онҳост.
Инак матни мақолаи Дэвид Роткопф:
“Бӯҳрон пас аз ҳамалоти Ҳамос алайҳи Исроил дар таърихи 7 октябр, дар марҳилаи бисёр ҳассосе қарор дорад. Дар ҳоле, ки Ғазза дар интизори таҳоҷуми тамомаёри Исроил аст, Ҳамос ва пуштибонони он таҳдидҳои лафзӣ матраҳ мекунанд, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли интиқоли киштии ҷангии дигаре ба минтақа аст. Дар ин миён пурсишҳои умдае дар мавриди моҳият, домана ва паёмадҳои ҷанг матраҳ шудааст.
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил низ тақрибан ба шакле қатъӣ соқит хоҳад шуд ва далели он низ мушаххас аст. Умуми исроилиҳо ба ин бовар расидаанд, ки шикасти раҳбарии Натонёҳу ва авлавиятҳои ӯ боис шуд, то исроилиҳо дар маърази хатари ҳамла қарор бигиранд; ҳамлае, ки мунҷар ба бурузи бузургтарин талафот аз замони таъсиси Исроил то ба имрӯз шуд.
Аз он ҷойе, ки раҳбарон ва бозигарони минтақаӣ дар паёмадҳои амиқи ҷанги ахир нақш доштаанд, зарурӣ аст, ки бидонем чӣ гуна ин низоъ мумкин аст чашмандози қудрат дар Ховари Миёнаро тағйир дода бошад. Ошкор аст, ки дар ин марҳила беш аз ду даҳа тасаллути Натонёҳу бар сиёсати Исроил, саранҷом дар ҳоли поён аст.
Бале, ӯ дар раъси як давлати эътилофӣ бо муттаҳидонаш, дар симати худ боқӣ мемонад. Бо ин вуҷуд, ба таври густурда интизор меравад, ки ӯ пас аз поёни даргирӣ дар Ғазза агар на пеш аз он, маҷбур ба тарки арсаи сиёсати Исроил шавад. Натоиҷи назарсанҷиҳо ба вузуҳ нишон медиҳанд, ки ӯ аз назари сиёсӣ як нахуствазири мурда маҳсуб мешавад, ки сирфан дар ҳоли роҳ рафтан аст. Натиҷаи назарсанҷии тоза нишон медиҳад, ки аз ҳар даҳ исроилӣ наздик ба 9 нафар ҳамлаи ахири Ҳамос алайҳи Исроилро натиҷаи шикасти давлати Натонёҳу қаламдод мекунанд. Дар ҳамон назарсанҷӣ 56 дарсад аз исроилӣ мӯътақид буданд, Натонёҳу бояд дар поёни ҷанг аз қудрат канорагирӣ кунад.
Пирӯзӣ дар ҷанги Ғазза мумкин аст битавонад эҳтимоли зинда мондани Натонёҳу ба унвони нахуствазирро эҳё кунад; бо ин вуҷуд, коршиносон ин эҳтимолро баъид медонанд.
Яке аз низомиёни кӯҳнакори исроилӣ, ки дар чандин давлати Исроил мушорикат дошта ба ман гуфт: “Ҳақиқаташро бихоҳед, ман ҳатто мутмаин нестам, ки давраи нахуствазирии Натонёҳу то поёни ҷанг бо Ҳамос идома ёбад ба хусус агар он чи дар Ғазза рух медиҳад тӯлонимуддат ва касиф бошад”.
Ин дидгоҳ тавассути бисёре аз афроди дигар дар миёни исроилиҳо, ки ман бо онон сӯҳбат кардаам низ такрор мешавад. Онон дар гуфтаҳои худ ба беназмӣ дар давлати Натонёҳу аз замони ҳамалот ва фуқдони барномаи баландмуддат барои ин ки пас аз ҳамла ба Ғазза ва ҳамла ба пойгоҳҳои Ҳамос бояд чӣ коре анҷом шавад, ишора кардаанд. Ин адами вуҷуди барнома яке аз нигарониҳои эъломшуда аз сӯйи давлати Бойден низ будааст.
Чандин ҳафтаи оянда мамлув аз хатарот аст. Ғазза пурҷамъият аст ва нигаронӣ дар мавриди талафоти эҳтимолии ғайринизомиён бисёр зиёд аст. Тими (командаи) Бойден борҳо аз исроилиҳо хоста дар иқдомоти худ ҷониби эҳтиётро риоят карда ва муроқиби адами таҷовуз аз қавонини байналмилалӣ бошанд, то хатарот мутаваҷҷеҳи ҷамъияти бегуноҳи Ғазза коҳиш ёбад. Ҷек Салливан, мушовири амнияти миллии Омрико мегӯяд: “Бисёре аз фаластиниён ҳеч иртиботе бо Ҳамос надоштаанд. Онон сазовори зиндагие ҳамроҳ бо каромат, эминӣ ва амният ҳастанд”.
Салливан ҳамчунин эълом кард, ки Исроил обрасонӣ ба Ғаззаро аз сар хоҳад гирифт; иқдоме, ки бино бар гузоришҳо пас аз фишорҳои Омрико сурат гирифтааст. Энтони Блинкен, вазири умури хориҷа, дар дидор бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ба унвони бахше аз талоши диплумотики Иёлоти Муттаҳида барои гуфтугӯ бо раҳбарони минтақа, бар лузуми ҳифозат аз ғайринизомиён таъкид кард. Яке дигар аз омилҳое, ки тавассути Блинкен дар ҷаласоти худ ба унвони манбаъи нигаронӣ матраҳ шуд, эҳтимоли густариши даргирӣ буд.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, дар дидор бо Исмоил Ҳаниа, яке аз раҳбарони Ҳамос, ки дар Қатар иқомат дорад, робита миёни Эрон ва Ҳамосро ба рух кашид. Бар асоси гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ишора кард, ки бо раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон – раҳбари як гурӯҳи ниёбатии дигари мавриди ҳимояти Эрон, мулоқот карда ва ин таҳдидро матраҳ сохта, ки Эрон вобаста ба он ки таҳаввулоти Ғазза чӣ гуна пешрафт кунад, мумкин аст вориди даргирӣ шавад. Дар посух ба эҳтимоли густариши даргирӣ, Иёлоти Муттаҳида дуввумин киштии ҷангии худро дар шарқи Медитарона (Миёназамин) мустақар сохтааст. Киштии зарбатии USS Dwight Eisenhower ба киштии ҷангии USS Gerald Ford мепайвандад, ки ҳамакнун дар обҳои наздики Исроил мустақар аст.
На танҳо даврони ҳирфаии Натонёҳу эҳтимолан ба поёни худ наздик мешавад, балки бархе аз ҷоҳталабиҳои ӯ низ маҳкум ба фано ҳастанд. То замоне, ки давлати таҳти раҳбарии Натонёҳу дар қудрат бошад, ҳеч пешрафте дар талошҳои ӯ ҷиҳати ислоҳоти қазоӣ ҳосил нахоҳад шуд. Ҳамчунин, тавофуқи оддисозии робита миёни Исроил ва Арабистони Саудӣ, ки Натонёҳу умедвор буд аз назари сиёсӣ барояш судманд бошад низ мутаваққиф шудааст.
Агар таҳоҷуми Исроил ба Ғазза мунҷар ба талафоти бештари фаластиниён шавад, барои саудиҳо бисёр душвор хоҳад буд, ки барои муддати замони тӯлонӣ вориди чунин тавофуқе шаванд. Агар пеш аз ин мумкин буд саудиҳо ва исроилиҳо дар тавофуқ иҷоза диҳанд, ки масъалаи Фаластин то ҳудуде ба унвони яке аз шурути тавофуқ нодида гирифта шавад, чунин имконе акнун аз байн рафтааст. Ҳар гуна тавофуқе дар оянда бояд шомили бардошта шудани гомҳои малмусе аз сӯйи Исроил ба нафъи фаластиниён бошад.
Дар ҳамин росто, ангезаи давлати Натонёҳу барои илҳоқи шаҳракҳои бештар дар каронаи Бохтарӣ ва иттихози сиёсатҳои таҳоҷумитар дар каронаи Бохтарӣ акнун ба унвони талоше барои мунҳариф кардани таваҷҷӯҳи афкори умумӣ аз нигарниҳои амниятии муртабит бо Ғазза қаламдод мешавад, ки ба навбаи худ эҳтимолан ба Ҳамос кӯмак кард, то ҷабҳаи набард алайҳи Исроилро боз кунад. Ба ҳамин хотир аст, ки бисёре дар Исроил ҳамлаи Ҳамосро шикасти раҳбарии Натонёҳу ва тими ӯ дар давлат қаламдод мекунанд.
Яке аз аҳдофи аслии Натонёҳу дар ҷустуҷӯи оддисозии равобит бо кишварҳои ҷаҳони араб ин буд, ки ин паёмро ирсол кунад, ки бидуни пардохтан ба масъалаи Фаластин метавон ин корро анҷом дод. Ин фикри ӯ на танҳо иштибоҳ буд, балки ба эҳтимоли зиёд бо пешрафти ҷанг ва афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Ғазза, ин ҳадафи Натонёҳу ва муттаҳидонаш аз дастури кор хориҷ хоҳад шуд ва аз нуфузи шарикони Натонёҳу коста хоҳад шуд.
Афроде, ки афкори умумии Исроилро дунбол мекунанд ва нотавонии ним қарн пеши Голди Меир, нахуствазири асбақи Исроилро пас аз нокомиҳои иттилоотии давлати ӯ, ки мунҷар ба бурузи ҷанги “Явми кабир” шуд ба ёд меоваранд эҳсос мекунанд, ки суқути сиёсии Натонёҳу яке аз мӯҳтамалтарин паёмадҳои ин лаҳзаи бесубот дар таърихи минтақа хоҳад буд. Баъид аст барои касоне, ки хостори Ховари Миёнае одилонатар ва сулҳомезтар бошад суқути як фарди нажодпараст, фосид, бо тасмимоти девонавор ва худкома монанди Натонёҳу ҷойи сугворӣ ва нороҳатӣ дошта бошад.
Daily Beast
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Туркия аз Исмоил Ҳания хостааст, Туркияро тарк кунад
Сароб

Матолиби пурбоздид