Сухангӯи низомии Ҳамос: “Даврони шикасти саҳюнистҳо оғоз шудааст”
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, бо ишора ба ин ки замони бартарии низомӣ ва иттилоотии иддаоии душман ба поён расида, гуфт, ки даврони шикасти саҳюнистҳо оғоз шудааст.
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Абӯубайда, сухангӯи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос гуфт, ки дар 7-уми октябр (рӯзи оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”), дижҳои душман монанди лонаи анкабут фурӯ рехт ва дар он замон пирӯзиро мушоҳида кардем.
Вай бо баёни ин ки ҳадаф қарор додани сохтмонҳои маскунӣ ва бемористонҳо, сирфан нангу ор ба дунбол дорад, таъкид кард: “Дар ҷанги заминӣ мунтазири душман ҳастем, то маънои қудрат ва фидокориро ба ӯ ёд бидиҳем ва ба душман, шикастро таҳмил хоҳем кард.”
Сухангӯи Қассом бо ишора ба ин ки замони бартарии низомӣ ва иттилоотии иддаоии душман ба поён расида ва даврони шикасти саҳюнистҳо оғоз шудааст, гуфт: “Аз ҳокимони араб намехоҳем барои дифоъ аз кӯдакони Ғазза ё муқаддасот, артишҳои худро ҳаракат диҳанд; зеро мо нобудии Исроилро бар ӯҳда гирифтаем.”
Вай бо таъкид бар ин ки иллати куштори миллати Фаластин, шикастҳои душман аст, тасреҳ кард: “Душман дар музокароти ахир бар сари асирон, замони зиёдеро талаф кард ва бомбборони ваҳшиёнаи ӯ, боиси кушта шудани 50 нафар аз онон (асирон) шудааст.”
Абӯубайда бо баёни ин ки замони фурӯши таваҳҳум ба ҷаҳон дар бораи дурӯғи артиши шикастнопазир ва тонкҳои “Меркава” ба поён расидааст, гуфт: “Мо ин тонкро дар Ғазза нобуд кардем. Нафрини даҳаи ҳаштум, гиребони Исроилро хоҳад гирифт ва нобуд хоҳад шуд!”
Вай бо ишора ба ин ки дар қиболи асирони душмани саҳюнистӣ бояд ҳамаи асирони фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил озод шаванд, хотирнишон кард: “Қатъан пирӯзӣ мутаъаллиқ ба мост!”
Аlmayadeen
Қаламонлайн