Суханони Усома Ҳамдон дар бораи ҷузъиёти талафоти саҳюнистҳо дар ҳамлаи заминӣ ба Ғазза
Суханони муҳимми яке аз раҳбарони Ҳамос дар бораи ҷузъиёти талафоти саҳюнистҳо дар ҳамлаи заминӣ ба Ғазза
Ахбори байналмилал
Яке аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос фош кард, ки душман дар талоши нофарҷоми худ барои пешравии заминӣ ба тарафи навори Ғазза, мутаҳаммили талафоти сангине дар байни сарбозони худ шуд.
Усома Ҳамдон дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алъолм афзуд, ки муқовамат имрӯз амалиёти фуруд дар пушти хутути душман анҷом дод ва бо низомиёни душман даргир шуд.
Вай тасреҳ кард: “Амалиёте, ки дишаб анҷом шуд, дар воқеъ талоше барои анҷоми амалиёти заминӣ буд, аммо муқовамат муваффақ шуд ин пешравиро мутаваққиф кунад ва душманро ба ақиб биронад.”
Ин раҳбари Ҳамос идома дод: “Бо вуҷуди ин, барои муқовамат, амалиёт ба поён нарасида ва аз соатҳои аввалии бомдод дар пушти хутути душман фуруд омад ва даргирӣ бо нерӯҳои душман ва муҳосараи онҳо оғоз шуд.”
Ҳамдон ҳушдор дод: “Ин, намунае аст аз он чи ки нерӯҳои душман дар сурати пешравӣ бо он мувоҷеҳ хоҳанд шуд ба вежа ки размандагони муқовамат мехоҳанд на фақат ҳар гуна пешравии душманро хунсо кунанд, балки бештарин хасорот ва талафотро ба артиши мутаҷовиз ворид намоянд.”
Вай идома дод: “Шаби гузашта як нафарбари душман ҳомили 14 сарбоз мунҳадим шуд, ки гурдонҳои Қассом тасвире аз инҳидоми мустақими он бо рокетро нишон доданд.”
Ин раҳбари Ҳамос тасреҳ кард: “Лаҳазоте қабл хабари ақибнишинии нерӯҳои душман мунташир шуд, ин нишон дод, ки душман қодир ба тамаркуз ва истиқрор дар як макон нест. Авзоъ мумкин аст андаке ором шавад ва дубора даргириҳо аз сар гирифта шавад.”
Вай гуфт, то шикасти душман, ақибнишинии ниҳоии он, эълом тавофуқи оташбас ва таваққуфи таҷовуз ба мардуми Фаластин хабаре аз оромсозӣ нахоҳад буд.
Ҳамдон дар бораи гузоришҳое мабнӣ бар истифодаи душман аз гозҳои саммӣ дар ҷараёни таҳоҷуми заминӣ ба навори Ғазза, гуфт: “Қабл аз ҳар гуна сӯҳбат дар бораи чунин мавзӯе, мебоист далелҳо мавҷуд бошад, муқовамат собит кардааст, ки фақат вақте дар бораи чунин мавзӯъоте сӯҳбат мекунад, ки шавоҳиди қатъӣ вуҷуд дошта бошад. Ин мавзӯъ тавассути ягони муҳандисии муқовамат дар ҳоли баррасии дақиқ аст ва агар натоиҷи қатъӣ дар ин хусус ба даст омад, табиӣ аст, ки эълом хоҳад шуд.”
Вай дар бораи мавзӯи мубодалаи асирон ва гуфтугӯҳо ва миёнҷигариҳое дар ҳоли анҷом дар ин хусус гуфт: “Тамосҳо ва гуфтугӯҳое дар ин хусус анҷом мешавад, аммо қабл аз мушаххас шудан ва ниҳоӣ шудани мавзӯъ, наметавон дар бораи натиҷаи он сӯҳбат кард. То он замон ҳар сенарияе мумкин аст, ё ин музокарот муваффақиятомез хоҳад буд ё аз сӯйи режими саҳюнистӣ бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.”
Ҳамдон дар бораи иттиҳомоти душман мабнӣ бар пинҳон шудани раҳбарони муқовамат дар зери бемористонҳо гуфт: “Ин аввалин дурӯғи душман аз замони оғози даргирӣ дар 7 октябр нест, режими саҳюнистӣ ҳамвора дурӯғ мегӯяд ва ҳар бор дурӯғаш ошкор мешавад, душман дар солҳои 2008, 2012 ва 2014 дар бораи ин мавзӯъ дурӯғ гуфт ва ҳар бор дурӯғаш собит шуд.”
Ин раҳбари Ҳамос афзуд: “Ҳама бидонанд, ки хабарнигорон аз миллиятҳо ва расонаҳои мухталиф дар муқобили бемористони “Шифо” барои пӯшиши абъоди ҷинояти саҳюнистҳо мустақар ҳастанд ва гуфтанд, дар бист рӯзи гузашта ҳеч раҳбар ё фармондеҳи муқоваматро надидаанд, ки дар бемористон тараддуд кунад.”
Ҳамдон идома дод: “Бинобар ин вақте режими саҳюнистӣ чунин дурӯғҳое мегӯяд, фақат ба дунболи тавҷеҳи ҷиноёташ алайҳи бемористонҳое монанди Алмаъмадонӣ аст. Аммо мо ба Худованди Мутаъол таваккул дорем, ки бандагонашро ёрӣ мефармояд ва ин таҷрибаи мо дар тӯли даврони муқовамат аст ва бар ин боварем, ки натиҷаи ин набард ба нафъи мо, мардум ва ормони Фаластин хоҳад буд ва душман дар ин набард бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.”
Вай ёдовар шуд: “Ин масъала ниёз ба сабр дорад, мо тавоноии онро дорем ва мардуми мо дар ин замина тавоноии болое аз худ нишон додаанд, ҳамчунин мусталзими омодагӣ ва суботқадамӣ дар майдон аст ва дар ниҳоят пирӯзӣ дар сутуҳи амалиётӣ ва сиёсӣ аз они муқовамат хоҳад буд, ки ба ёрии Худованди Мутаъол ба озодии Фаластин хоҳад анҷомид.”