Чин номи Исроилро аз харитаҳои ҷаҳон ҳазф кард
Ахбори байналмилал
Пойгоҳи хабарии Wall Street Journal рӯзи сешанбе дар гузорише навишт, бо афзоиши вахомати даргирӣ дар Ғазза, Чин номи «Исроил»-ро аз нақшаҳои (харитаҳои) онлойни худ ҳазф кардааст.
Ба гузориши ин расонаи омрикоӣ, дар ҳоли ҳозир нақшаҳои онлойн дар Чин, номи Урдун, Миср ва кишварҳои ҳамсояро нишон медиҳад, вале номе аз «Исроил» дар ин нақша нест.
Қаламонлайн