Вақте саҳюнизми масеҳӣ дар канори саҳюнизми яҳудӣ қарор мегирад
Таҳлиле аз Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ
Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ дар ёддоште навишт: “Шоҳиди ваҳдати саҳюнизм ва саҳюнизм-масеҳӣ ҳастем. Он чи дар ин миён қурбонӣ мешавад, ҳақиқати ойини яҳуд ва ҳақиқати ойини масеҳият аст…”
Ишора: Сайид Атоуллоҳ Муҳоҷиронӣ, сиёсатмадори ислоҳталаби эронӣ, вазири фарҳанг ва иршод дар даврони риёсати ҷумҳурии Сайид Муҳаммад Хотамӣ, муовини Мирҳусайн Мусавӣ дар даврони нахуствазирии Мӯсавӣ, муовини порлумонии Рафсанҷонӣ дар даврони риёсати ҷумҳурии вай. Ӯ ҳамакнун дар Бритониё сукунат дорад.
Инак, ёддошти имрӯзи Муҳоҷиронӣ:
“Натонёҳу дар суханрониаш бо ҳузури женерол Бенӣ Гантс ва женерол Йоав Галант, гуфт: «Эрон ва Ҳамос меҳвари шарорат ҳастанд.»
Ин вожагони ошност. Ҷорҷ Буши кучак дар суханронии солонаи маъруф ба State of the Union дар 22 январи соли 2002 Эрон ва Ироқ ва Куреи шимолиро ба унвони меҳвари шайтонӣ ва шарорат муаррифӣ кард. Дугонаи хайру шарр ва нуру зулмат ва тамаддуну таваҳҳуш ва ба ривояти дигаре, ғарбу шарқ, аз тариқи саҳюнистҳои масеҳӣ (Christian Zionism) дар адабиёти сиёсии се даҳаи ахир ривоҷи бештаре ёфтааст.
Дар воқеъ мо шоҳиди ҳамзабонии Натонёҳу ва Ҷурҷ Буши кучак ҳастем. Ин ҳамзабонӣ дар китоби хотироти Майк Помпео дар фасли иртиботи вежаи эшон бо Йосси Коэн, раиси Моссад (аз 2016 то 2021) сароҳати бештаре пайдо кардааст. Помпео бидуни пардапӯшӣ навиштааст, ки ӯ саҳюнист-масеҳӣ аст. Чунонки Ҷо Бойден ҳам бо сароҳат эълом кардааст, ки саҳюнист аст. Аз падараш ривоят мекунад, ки ба ӯ насиҳат кардааст, ки саҳюнист метавонад яҳудӣ набошад.
Блинкен ҳам вақте дар рӯзҳои нахусти воқеаи “Тӯфон ал-Ақсо” дар 7-уми октябр ба Телавив рафт, дар оғози мусоҳибааш гуфт: «Ман аввал ба унвони яҳудӣ ба Исроил омадаам.» Паёми сухани ӯ ниёзе ба тафсир надорад. Натонёҳу саҳюнист-яҳудӣ аст. Нахуствазири ба қавли худаш, давлат ва кишвари яҳудӣ аст. Ин васфи кишвар ва давлати яҳудӣ дар даҳаи ахир пурранг шудааст. То ба ҳол бар секулор будани давлат таъкид мекарданд.
Акнун Натонёҳу мегӯяд: мо нур ҳастем ва Эрон ва Ҳамос зулмат, мо мутамаддин ҳастем ва Эрон ва Ҳамос ваҳшианд, мо демукрот ҳастем ва Эрон ва Ҳамос терурист! Ин ривоятҳо дар ҳамон нигоҳи идеулужики ифротии саҳюнистӣ маънӣ пайдо мекунад. Бо истифода аз адабиёти Аҳди Атиқ, Натонёҳу Ҳамосро “Амолиқ” хондааст. Амолиқ ба ривояти Таврот дар сифри Хуруҷ, касоне буданд бадавӣ ва бетамаддун, ки бар Худованди яҳуд Яҳва шӯрида буданд; ва Худованд биноро бар ин ниҳод, ки “бар зидди Амолиқ аз насл ва насл” ва хона ба хона интиқом хоҳад гирифт. (Сифар Хуруҷ, боби 17, ояти 16)
Чигунагии интиқом дар китоби Самуил бо сароҳат ва қасоват матраҳ шудааст. Ҳамин шеваи интиқом, ҳамвора мустанади сухан ва навиштаҳои саҳюнистҳои ифротӣ қарор гирифтааст. Ҳамин рӯзҳо ҳам, ки шоҳиди куштори умумии кӯдакон ва занон ва вайронии бемористонҳо, масоҷид, калисоҳо, мадорис ва хонаҳои мардуми Ғазза ҳастем, саҳюнистҳо ба ҳамин маворид истинод мекунанд ва шоҳид ва тавҷеҳкунандаи шеваи амалиёти нобудии фаластиниҳо ва замини сӯхта медонанд.
Дар китоби аввали Подшоҳон, Самуил ба Шоул фармони Худоро иблоғ мекунад; дар ҷанг бо Амолиқ: «Акнун ту рафта, ба Амолиқ шикаст расон; ва ҳар он чи вай дорад, несту нобуд кунед; ва ба ӯ раҳм накун, балки аз мард то зан, аз кӯдак то тифли ширмак, аз гов то гӯсфанд, аз шутур то хар бикуш!” (Китоби аввали Подшоҳон, боби 15, ояти 3)
Саҳюнизм-масеҳӣ, ба вежа дар шаклу шамоили омрикоиаш, вақте дар канори Исроил меистад, амалан дар утоқи ҷанг ва фармондеҳии тахриби Ғазза ва нобудии фаластиниҳо, бо силоҳ ва мол ва сиёсат ва таблиғот ва ҳузури фармондеҳони низомӣ ва нерӯҳои вежа мушорикат мекунад; ва ҳатто Майк Ҷонсон, раиси ҷадиди Кунграи Омрико, дар нахустин нутқаш мегӯяд: «Инҷил ба мо мегӯяд, ки бояд канори Исроил биистем.» Шоҳиди ваҳдати саҳюнизм ва саҳюнизм-масеҳӣ ҳастем. Он чи дар ин миён қурбонӣ мешавад, ҳақиқати ойини яҳуд ва ҳақиқати ойини масеҳият аст.
Хушбахтона ба унвони нишонаҳое, ки роҳ гум нашавад, ортодоксҳои яҳудӣ ва кашишҳо ва раҳбарони масеҳӣ дар Фаластин ва Лубнон ва Туркия ва дигар нуқоти ҷаҳон, дар канори фаластиниҳо истодаанд ва ба ҳимоят аз куштори фаластиниҳо ва вайронсозии Ғазза олуда нашудаанд. Натонёҳу ва дигар мақомоти низомӣ ва сиёсии Исроил, ки ба Аҳди Атиқ истинод мекунанд, мехоҳанд қатли омми фаластиниҳо ва нобудии Ғаззаро ба унвони маъмурияти динӣ ва илоҳӣ ва охируззамонӣ вонамуд кунанд; оё муваффақ мешаванд?!”
Қаламонлайн