Паёми фармондеҳи Сипоҳи Эрон ба фармондеҳи гурдонҳои Қассом
Ахбори байналмилал
Исмоил Қоонӣ дар паёме ба Муҳаммад Зайф: “Ҳар кореро, ки бояд дар ин набарди таърихӣ анҷом диҳем, анҷом хоҳем дод”
“Намегузорем душман ба аҳдофи касифи худ дар сатҳи Ғазза ва Фаластин даст ёбад”
Сардор Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, дар паёме ба Муҳаммад Зайф, фармондеҳи гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, бо баёни ин ки “мо, бародарони шумо, ки дар меҳвари Қудс ва муқовамат бо шумо муттаҳид ҳастем, намегузорем душман ба аҳдофи касифи худ дар сатҳи Ғазза ва Фаластин даст ёбад”, таъкид кард: “Мо ба шумо итминон медиҳем, ки ба унвони бахше аз ҳифозат ва ҳимояти муассир ва мустамир аз муқовамат, ҳар кореро, ки бояд дар ин набарди таърихӣ анҷом диҳем, анҷом хоҳем дод.”
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, ин паём аз сӯйи сардор Қоонӣ, нахустин вокуниши фармондеҳи Нерӯи Қудс пас аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва ҷанг миёни муқовамати Фаластин ва Исроил будааст.
Бар асоси ин гузориш, сардор Исмоил Қоонӣ дар паёми худ ба Муҳаммад Зайф таъкид кард, ки минтақа пас аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”, дигар монанди қабл нахоҳад буд.
Дар паёми Сардор Қоонӣ омадааст: “Ҳамосаи бузурге ба номи “Тӯфон ал-Ақсо”-ро рақам задед, ки Худованд ба дасти муҷоҳидони гурдонҳои Қассом ва муҷоҳидони муқовамат дар Ғазза ба он даст ёфт. Заъф ва шиканандагии режими ғосиби саҳюнистиро ба вузуҳ нишон додед ва ба сурати амалӣ ва қотеъ нишон додед, ки аз тори анкабут заъифтар аст.”
Сардор Қоонӣ хитоб ба Зайф таъкид кард: “Дар тавсифи ин воқеаи бузург, баёни он чи дӯсту душман бар он иттифоқи назар доранд кофӣ аст, ки бигӯем, Фаластин ва минтақа пас аз “Тӯфон ал-Ақсо”, дигар монанди қабл нахоҳад буд. Ҳамалоти муқовамат алайҳи нерӯҳо ва худравҳои зиреҳии душман, ба ҳамагон собит кард, ки муқовамат дар Ғазза қодир ба ибтикор ва навоварӣ аст.”
Дар идомаи ин паём омадааст: “Ин дастовард боис шудааст, ки фарзандони уммат беш аз пеш атрофи гузинаи ҷиҳод ҷамъ ва мӯътақид шаванд, ки вуруди муҷоҳидин ба Алақсо аз ҳамеша наздиктар аст. Ғазза имрӯз аз номус, иззат ва каромати ин уммат дифоъ мекунад.”
Сардор Қоонӣ дар идома хотирнишон кард: “Итминон дошта бошед, ки мо, бародаронатон, ки дар меҳвари Қудс ва муқовамат бо шумо муттаҳид ҳастем, иҷоза нахоҳем дод, ки душман ва ҳомиёнаш Ғазза ва мардуми онро дар як гӯша таҳти фишор қарор диҳанд. Мо, бародарони шумо, ки дар меҳвари Қудс ва муқовамат бо шумо муттаҳид ҳастем, намегузорем душман ба аҳдофи касифи худ дар сатҳи Ғазза ва Фаластин даст ёбад.”
Фармондеҳи Нерӯи Қудси Сипоҳ ҳамчунин хитоб ба фармондеҳи гурдонҳои Қассом таъкид кард: “Ин пирӯзии бошукӯҳ ва дастоварди бесобиқаро ба шумо ва ҳамаи муҷоҳидон ва миллати Фаластин табрик мегӯям. Мо бар аҳд, маншур ва имон ва таъаҳҳуди бародаронае, ки моро муттаҳид мекунад, таъкид мекунем.”
Дар ин паём ҳамчунин таъкид шудааст: “Мо ба шумо итминон медиҳем, ки ба унвони бахше аз ҳифозат ва ҳимояти муассир ва мустамар аз муқовамат, ҳар кореро, ки бояд дар ин набарди таърихӣ анҷом диҳем, анҷом хоҳем дод.”
Ин паём аз сӯйи сардор Қоонӣ нахустин вокуниши фармондеҳи Неруи Қудс пас аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва ҷанг миёни муқовамати Фаластин ва Исроил будааст.
Almayadeen
Қаламонлайн