Муҳаммад Алъисӣ: Ҷанг алайҳи Ғазза, лаккаи нанге бар пешонии башарият
Дабири кулли Робитаи ҷаҳони ислом, дар нишасти расонаӣ дар Арабистони Саудӣ: “Ҷанг алайҳи Ғазза, лаккаи нанге бар пешонии башарият аст”
Ахбори байналмилал
Дабири кулли созмони Робитаи ҷаҳони ислом, бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёнаи артиши режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза гуфт: “Саҳнае, ки имрӯз дар Ғазза мушоҳада мешавад ва ҳамалоти ҷинояткорон алайҳи бегуноҳон, кӯдакон ва занон, лаккаи нанге бар пешонии башарият аст.”
Ба гузориши хабаргузории Алихбория, Муҳаммад ибни Абдулкарим Алъисӣ, дабири кулли Робитаи ҷаҳони ислом, дар нишасти байналмилалии “Расона ва нақши он дар нафратафканӣ ва хушунат; хатароти гумроҳ кардан ва ҷонибдорӣ” бо меҳварияти муқобала бо иттилооти нодуруст ва ғаразварзӣ нисбат ба масъалаи Фаластин, афзуд: “Ин фоҷеаи инсонӣ ҳушдоре барои виҷдони ҳамаи инсонҳои зинда аст.”
Вай, бо ишора ба ин ки қарорҳои иҷронашудаи СММ заминаи бурузи ин фоҷеаи инсонӣ дар Ғаззаро ба вуҷуд овардааст, афзуд: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ фаластиниёнро нодида гирифтааст ва ин мунҷар ба рехта шудани хуни миллати Фаластин шудааст ва имрӯз бо саҳнае бузургтар аз як фоҷеа дар Ғазза мувоҷеҳ ҳастем.”
Дабири кулли Робитаи ҷаҳони ислом изофа кард: “Мантиқи адолат ва ҳуқуқи башар ҳукм мекунад, ки аз мардуми Ғазза ҳимоят шавад, бинобар ин ба таври куллӣ ба огоҳии муассир ва содиқ ниёз аст.”
Вай бо ишора ба ин ки “ин мавзӯъ, як мавзӯъи исломӣ аст ва барои мо аҳаммият дорад”, афзуд: “Пас бояд ҳақ пайгирӣ шавад ва ҷомеаи байналмилалӣ дар масири адолат қарор гирад.”
Алъисӣ бо таъкид бар ин ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чолиш ва хатари расонаҳо ва нақши онҳо дар доман задан ба нафрат ва хушунат мувоҷеҳ аст, афзуд: “Ба рағми вуҷуди маншури сулҳи Созмони Милал ва пешрафти илмӣ, бемории хушунат ва нафрат дар ҷомеаи байналмилалӣ ғайри қобили дармон шудааст.”
Вай пешрафти илмиро замоне муассир донист, ки бо рушди ахлоқӣ ва ба каромат ва арзишҳо ҳамроҳ бошад.
Гуфтанист, нишасти байналмилалии “Расона ва нақши он дар нафратафканӣ ва хушунат; хатароти гумроҳ кардан ва ҷонибдорӣ” бо меҳварияти муқобала бо иттилооти нодуруст ва ғаразварзӣ нисбат ба масъалаи Фаластин имрӯз (якшанбе, 26 ноябр) дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ кушоиш ёфт.