Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тӯфон ал-Ақсо” хомӯш шуданӣ нест!”
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳазорон нафар аз басиҷиёни саросари кишвари Эрон, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе, 29 ноябр) бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ И Эрон дидор карданд.
Раҳбари Ҷ И Эрон дар ин дидор, бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Ғазза, гуфт:
“Фаҷойеи 50 рӯзи ахир, фишурдаи ҷиноёти 75-солаи режими саҳюнистӣ дар Фаластин аст; “Тӯфон ал-Ақсо” хомӯшшуданӣ нест ва бидонанд, ки ин вазъ ҳам идома пайдо нахоҳад кард”.