“Хар ҳамону тӯқум дигар аст”

“Хар ҳамону тӯқум дигар аст”
Ёддошт
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Оё кишварҳои ғарбӣ мисли Олмон, Фаронса, Бритониё ва ба тариқи авло Омрико, вазъашон дар имрӯз, бо вазъи онҳо дар гузашта, масалан 100 сол пеш ва қабл аз он, фарқе карда? Дар гузашта, инҳо ба унвони кишварҳои истеъморӣ шинохта мешуданд ва худашон низ ибое аз ин надоштанд, ки як кишвари истеъморӣ хонда шаванд. Зулму ситамҳое, ки инҳо дар кишварҳои офриқоӣ ва осиёӣ ва ба хусус кишварҳои мусалмон кардаанд, бо он чи Чингиз муртакиб шуда ҳеч тафовуте надорад ва балки бадтар аз он аст. Қатли оммҳое, ки инҳо муртакиб шудаанд, таърих назирашро надида. Дар як кишвари кучак масалан, вақте мардуми маҳаллӣ алайҳи истеъмор ва ишғолгар мубориза кунанд, онҳоро ба рагбор мезаданд ва садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро қатли омм мекарданд ҳамон тавре ки дар таърих ҷиноятҳои инон сабт шуда.
Ба унвони мисол, Тонзониё дар оғозҳои асри 20-ум мустаъмараи Олмон буд, яъне байни солҳои 1905 то 1907. Тибқи санадҳои таърихӣ, нерӯҳои истеъмории Олмон байни 200 ҳазор то 300 ҳазор нафар дар Тонзиниёро ба далели қиём алайҳи Олмон қатли омм карданд. (https://www.dw.com/…/prezident-frg-izvinilsa…/a-67274485)
Яъне ҳар касе алайҳи истеъмор ва ишғол сар бармеовард ва қиём мекард, ӯ ба унвони “терурист” қатли омм мешуд. Ба гузориши DW, Фронк Волтер Иштонмойер, раисиҷумҳури Олмон, рӯзи чаҳоршанбе (29 ноябр), дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тонзиниё ва бо ҳузур дар маҳалли ҳамин қатли омм, ки нерӯҳои истеъмории Олмон муртакиб шуданд, дархости “бахшиш” кард. Ӯ гуфт: “Ба унвони раисиҷумҳури Олмон, моилам барои коре, ки олмониҳо дар инҷо бо аҷдоди шумо карданд, талаби бахшиш кунам.”
Ҳамзамон бо ин изҳороти раисиҷумҳури Олмон, Чарлзи севвум, подшоҳи Бритониё низ тахаллуфоти кишвараш дар ҷараёни истеъмори Кениёро маҳкум кард.
Имрӯз ин кишварҳо номи “истеъморгар” надоранд, аммо дар воқеъ ва дар ҳақиқат, истеъморгаранд, вазъи инҳо имрӯз ҳеч тафовут ва фарқе бо вазъашон дар гузашта накарда ва ба қавли мардум, “Хар ҳамону тӯқум дигар аст”.
Магар имрӯз шумо тамомқад аз як кишвари ишғолгар ҳимоят намекунед?! Магар ин кишвари ишғолгар яъне “Исроил”, Фаластинро таҳти ишғол надорад?! Магар имрӯзҳо ва дар ҳамин соатҳо, режими кӯдаккуши “Исроил” муртакиби қатли омм дар борикаи Ғазза нест?! Ва шумо, хусусан Олмон ва Бритониё, аланан ва ошкоро аз ин ишғолгар ҳимоят мекунед. Хиҷолат ҳам чизе хуб аст! Раисиҷумҳури Олмон дар ҳамин соатҳо ба Тонзониё меояд ва аз аъмоли салафаш дар ин кишвар, масалан “узр” мехоҳад! Аҷаб нифоқу дурӯӣ!
Албатта, чеҳраи аслӣ ва воқеии шумо дигар барои мардуми дунё ҳувайдо шуда, ба баракати “Тӯфон ал-Ақсо”.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти аъробӣ ва халифа
Ду оқилро набошад кину пайкор

Матолиби пурбоздид