Рӯзона мутолиа дошта бошем

Фарҳанг

Рӯзона миқдоре мутолиа кунем

Мутолиаи рӯзона чӣ аҳамияте дорад?

Барои мутолиаи рӯзона худро одат диҳем; чӣ гуна?

Мутолиа ва ёдгирӣ, яке аз мабонии аслии муваффақият аст.

Фақат понздаҳ дақиқа мутолиа дар рӯз, тамоми чизест, ки барои эҷоди тафовути воқеӣ ва рушду пешрафт дар зиндагӣ, инсон ба он ниёз дорад.

Афроди муваффақ касоне ҳастанд, ки аз ёдгирии худ ва муолиаи рӯзонаи худ, эҳсоси роҳатӣ мекунанд.

Мо дар зиндагиамон бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастем, бархе аз ин мушкилот рӯзмарра ҳастанд ва баъзеи онҳо дар як замони хос ва шароити хоссе пеш меоянд. Пас мутлиаи  худро аз мавзӯи ҳамин мушкилоте оғоз кунем, ки дар шароитҳои хос бароямон пеш меояд.

Ба баёни дигар, барои пайдо кардани роҳи ҳалли мантиқӣ дар мушкилоти зиндагиамон, аз мутолиаи китоб ва адабиётҳои марбут ба он мавзӯъ, кумак бигирем.

Баъзе аз афрод, аз мутолиа лаззат намебаранд ва ё барои мутолиа ҳавсала надоранд, ба унвони роҳи ҳал, барои ин афрод, роҳи тундхонӣ ё тезхонӣ пешниҳод мешавад.

Тундхонӣ дар сартосари ҷаҳон бисёр маҳбуб аст ва бисёре аз афроди муваффақ аз он барои беҳбуди фаъолиятҳои худ ва рушду пешрафти худ, истифода кардаанд.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Кудаки боадаб кадом аст?
Эрон: Ҳамалот ба Ғаззаро мутаваққиф кунед!

Матолиби пурбоздид