Ду киштии исроилӣ мавриди ҳадафи яманиҳо қарор гирифт
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман: “Ду киштии Исроилро ҳадаф қарор додем”
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе, аз ҳадаф қарор додани ду киштии мутаъаллиқ ба артиши режими саҳюнистӣ тайи имрӯз (якшанбе, 3 декабр) хабар дод.
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе дар ин бора гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз пас аз радди паёмҳои ҳушдор аз сӯйи ду киштии Unity Explorer ва Number Nine, алайҳи онҳо дар тангаи Бобулмандиб амалиёти низомӣ анҷом доданд.”
Сареъ афзуд, киштии аввал ҳадафи мушаки нерӯи дарёӣ ва киштии дуввум ҳадафи паҳподи нерӯи дарёии Яман қарор гирифт.
Вай афзуд: “Амалиёти ҳадафгирӣ пас аз он анҷом шуд, ки ду киштӣ паёмҳои ҳушдори нерӯҳои дарёии Яманро рад карданд.”
Сареъ дар идома таъкид кард: “То замони таваққуфи таҷовузоти Исроил ба бародарони устувори мо дар навори Ғазза, ба ҷилавгирӣ аз тараддуди киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх идома хоҳем дод.”
Сареъ муҷаддадан ба ҳама киштиҳои режими саҳюнистӣ ё киштиҳои муртабит бо ин режим ҳушдор дод, ки дар сурати тахаттӣ аз он чи дар ин баёния ва баёнияҳои қаблӣ содир шудааст, онҳо ба ҳадафи қонунии артиши Яман табдил хоҳанд шуд.
Қаламонлайн