Муфтии Уммон: “Исроил бо дасти худ гӯри худро меканад”
Ахбори байналмилал
Аlkhaleejonline
Муфтии Уммон бо маҳкум кардани “ҷиноятҳои фаҷеъ”-и Исроил дар Ғазза, таъкид кард: “Исроил бо дасти худ гӯри худро меканад.”
Ба гузориши Ал-халиҷ онлойн, шайх Аҳмад ал-Халилӣ дар сафҳаи корбарии худ Х навишт: “Бозгашти режими саҳюнистӣ ба ҷароими ваҳшиёнаи худ дар навори Ғазза ва сарзаминҳои ишғолӣ, далели сардаргумии он аст ва танҳо поёни онро тасреъ мебахшад.”
Шайх Ал-Халилӣ афзуд: “Режими саҳюнистӣ бо ҳар ҷиноят, бо дасти худ гӯри худро меканад ва мо онро маҳкум мекунем.”
Вай идома дод: “Аз ҷомеаи байналмилалӣ интизор дорем, ки хатари ин вазъият ва абъод ва бозтобҳои анро дарк кунад ва кишварҳои арабӣ ҳам, ки дар хоби амиқ ба сар мебаранд, бедор шаванд.”
Аlkhaleejonline
Қаламонлайн