Шеъри ман

Адаб

Шеъри ман

Адабиёт

Тӯтинисо

Шеъри ман афсонаи чашмони туст
Ғунчаи лаб соғари паймони туст
Аз ҳисоби умри ман гар беш рафт
Умри ширинам ҳама армони туст
Нимашаб сӯзам, бияфрӯзам чу шамъ
Сӯхтан аз талъати рахшони туст
Оташи ғам мегудозад пайкарам
Ин ҳама аз дуриву ҳиҷрони туст
Эй калиди бахт, эй шодии дил
Навбаҳори ман рухи хандони туст
Эй шукуфону гулафшони мано
Ту бидон, Тутинисо сарсони туст!

Тӯтинисо

Қаламолайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сангинтарин талафоти таърихии Исроил
Муфтии Уммон: “Исроил бо дасти худ гӯри худро меканад”

Матолиби пурбоздид