Guardian: Ҳоливуд ҳунармандони ҳомии Фаластинро муҷозот мекунад

Guardian: Ҳоливуд ҳунармандони ҳомии Фаластинро муҷозот мекунад
Ахбори байналмилал
Guardian
Ситорагони ҳимояткунандаи Фаластин ҳамчун Сюзен Сарандон ва Синтия Никсон дар Hollywood бо муҷозоти бойкот ва ҳатто ихроҷ мувоҷеҳ шуда ва баҳои сангине барои ҳамдардӣ бо Ғазза мепардозанд.
Рӯзномаи Guardian дар гузорише ба қалами Дэвид Смит, хотирнишон кард:
“Дар як рӯзи сард, хориҷ аз Кохи сафед, наздики макони гардишгарон ва рӯбарӯи маҳалли истиқрори горди ҳифозат, гурӯҳе аз мӯътаризон плакатҳоеро барафроштаанд, ки дар он навишта шуда буд:
“Беш аз 14850 фаластинӣ кушта шуданд. Чанд нафари дигар бояд қурбонӣ шаванд, то даргириро мутаваққиф кунед?”
Смит дар идома навишт, ки дар миёни панҷ фаъоле, ки дар мухолифат бо куштори фаластиниён эътисоби ғизо карданд, Синтия Никсон, чеҳраи машҳури Hollywood ҳам ҳузур дошт.
Гузориши рӯзномаи Guardian дар идома хотирнишон кардааст, ҷанг байни Исроил ва Фаластин дар Ғазза боиси эҷоди тафриқа дар миёни ҳунармандони Hollywood шудааст ва фазое касиф ва мамлув аз ибороте монанди “яҳудиситезӣ” эҷод кардааст.
Ин гузориш меафзояд: “Таҷриба нишон медиҳад, ситораҳои бузурге, ки аз ҷиноёти Исроил интиқод мекунанд, бо тард ва гоҳе ихроҷ аз Hollywood мувоҷеҳ мешаванд”.
Guardian
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрдуғон: Натонёҳу ба унвони “ҷинояткори ҷангӣ” муҳокама хоҳад шуд
Исрори Амрико бар ирсоли таслиҳоти ҷангӣ ба Украина

Матолиби пурбоздид