Исроил: Натонёҳу ба ҷурми фасоди молӣ муҳокима хоҳад шуд

Исроил: Натонёҳу ба ҷурми фасоди молӣ муҳокима хоҳад шуд
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Расонаҳои исроилӣ аз оғози дубораи раванди додгоҳ алайҳи нахуствазири ин режим хабар медиҳанд.
Ба гузориши Алҷазира, расонаҳои исроилӣ гузориш доданд: дар ҳоле, ки тамаркуз бар ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва ҳамалот ба каронаи Бохтарии ишғолӣ аст, додгоҳи нахуствазир Натонёҳу имрӯз (душанбе, 4 декабр) дар додгоҳи минтақаи Қудс аз сар гирифта мешавад.
Ин амр пас аз он сурат мегирад, ки аз 7 октябр ба аксари додгоҳҳо дастур дода шуд, ки фаъолиятҳои оддии худро пас аз кор бар рӯйи мавориди изтирорӣ аз сар бигиранд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Натонёҳу аз ҳузур дар ҷаласоти додгоҳи муъоф аст, аммо мумкин аст чанд моҳи дигар барои шаҳодат фаро хонда шавад.
Бенёмин Натонёҳу ба кулоҳбардорӣ, хиёнат дар амонат ва фасод муттаҳам аст. Ӯ худро бегуноҳ дониста ва борҳо дар гузашта гуфтааст, ки қурбонии як тавтиаи созмондиҳишудаи сиёсӣ тавассути расонаҳо ва чапҳо аст.
Гуфтанист, Натонёҳу ва ҳамсараш, Соро, ба эъмоли нуфуз ва дарёфти ришва дар парвандаи хариди зердарёӣ аз як ширкати олмонӣ ва ҳамчунин исроф дар амволи умумӣ муттаҳам ҳастанд.
Аljazeera
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вазири ҷанги Исроил: “Ҷанг ду моҳи дигар идома меёбад”
Эрдуғон: Натонёҳу ба унвони “ҷинояткори ҷангӣ” муҳокама хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид