Қалб дар забони аҳли адаб
“Мақсуд аз қалб ва дил дар забони аҳли адабу маърифат ва ҳамчунон дар каломи илоҳӣ, ин узви гӯштӣ, ки дар қисмати паҳлӯи чап қарор гирифта ва маркази пахши хун ба соири аъзо ва ҷавореҳ аст нест, мақсуд чизи дигаре аст. Мақсуд аз дил ё замир ё қалб, нуқтаи марказии авотифи олӣ ва эҳсосоти латифи вуҷуди инсон аст; он нуқтае, ки филмасал ишқ ба хайри ахлоқӣ, ишқ ба зебоӣ, ишқ ба ҳақиқат ва камоли мутлақ, ишқ ба эсор ва фидокорӣ, аз онҷо сарчашма мегирад…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн