Конфронси байналмилалии Фаластин дар Теҳрон

Конфронси байналмилалии Фаластин дар Теҳрон
Баргузории “Конфронси байналмилалии Теҳрон дар хусуси Фаластин”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҷузъиёте аз баргузории “Конфронси байналмилалии Теҳрон дар хусуси Фаластин” гуфт.
Ба гузориши Исно, Носир Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар изҳороте, дар иртибот бо баргузории “Конфронси байналмилалии Теҳрон дар хусуси Фаластин”, ки имрӯз (23 декабр) баргузор хоҳад шуд, эълом кард: “Ин конфронс бо ҳадафи тақвияти ҳимояти байналмилалӣ аз миллати мазлуми Фаластин дар Ғазза ва каронаи ғарбӣ, тақвияти фишорҳо бар режими саҳюнистӣ барои таваққуфи комили ҳамалоти низомӣ алайҳи Ғазза ва рафъи комили муҳосира аз он ва низ таҳаррук бахшидан ба ирсоли кӯмакҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ барои мардуми Фаластин баргузор мешавад”.
Сухангӯи умури хориҷаи Эрон афзуд: “Дар ин нишасти якрӯзаи байналмилалӣ, мақомоти олирутбаи давлатӣ, шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ, динӣ, андешаварз ва расонаӣ аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон мушорикат доранд”.
Канъонӣ, баргузории ин нишастро дар чорчӯби идомаи талошҳои диплумотики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз муқовимати мардуми мазлуми Фаластин ва Ғаззаи қаҳрамон арзёбӣ кард ва изҳор дошт: “Таваққуфи фаврии ҷиноёти ҷангӣ ва наслкушии режими опортойди саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин, мутолабаи ҳамаи ҳақталабон, адолатхоҳон ва виҷдонҳои бедори башарӣ дар саросари ҷаҳон аст”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фридман: Замони ақибнишинии Исроил фаро расидааст!
Оқои Лавров! Хатои шумо бӯйи хиёнат медиҳад!

Матолиби пурбоздид