Нидои дарунии инсон
Маърифат
“Аҷиб аст, ки одамӣ дар ноҳияи аъмоли зишту зебои худаш, худаш амалеро анҷом медиҳад ва баъд ҳам худаш аксуламал тавлид мекунад, худаш дар муқобили амали худ муқовамат ба харҷ медиҳад ва ин муқовамат мунҷар ба аксуламал ва бозгашт мешавад. Ин яке аз ҳайратангезтарин ҳолатҳои башарӣ аст.
Мисли ин аст, ки амале аз як ноҳия аз навоҳии вуҷуди инсон масалан аз ноҳияи шаҳват, аз ноҳияи ғазаб, аз ноҳияи ҳубби ҷоҳу мақом, аз ноҳияи ҳубби мол буруз мекунад ва содир мешавад; ҳамин, ки содир шуд ва буруз кард, муҳкам мехӯрад ба як ноҳияи дигар ва ба як қисмати дигар, ки мисли деворе ва садде дар ҷилав истода; мехӯрад ба сафҳаи ақл, ба сафҳаи имон, ба сафҳаи виҷдон, ҳаяҷон ва аксуламал ва надомат ва пушаймонӣ ва ҳолати тавба ва надомат пайдо мешавад.
Ба ҳар ҳол, бисёр дида шуда афрод ва ашхосе, ки бо чӣ ҳирсе амалеро анҷом додаанд ва баъд як мунодии ботинӣ аз замир ва ботинашон сар дароварда ва онҳоро маломат карда ва муаззаб дошта, ба тавре, ки маргро бар азоби виҷдон тарҷеҳ додаанд, дар маҳкамаҳо изҳор доштаанд мо табаҳкорем, моро эъдом кунед…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн