Ҳушдори нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба Амрико

Ҳушдори нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба Амрико
Ҳушдори нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба Амрико ва ҳампаймононаш: “Омодаи муқобила бо ҳар гуна таҷовуз ба кишварамон ҳастем”
Ахбори байналмилал
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман зимни ҳушдор ба Омрико нисбат ба паёмадҳои иқдоми эҳтимолӣ алайҳи ин кишвар, бар омодагии комили нерӯҳо барои муқобила бо ҳар гуна таҷовузи низомӣ таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабаъ), шомгоҳи ҷумъа (29 декабр) сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, тайи суханоне унвон кард:
“Дар ин марҳилаи муҳим аз таърихи миллати Яман ва таърихи уммати арабӣ ва исломии худ, нерӯҳои мусаллаҳи Яман бар мавориди зер таъкид мекунад:
Нахуст ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба душмани омрикоӣ нисбат ба паёмадҳои анҷоми ҳар гуна ташдиди танише алайҳи кишварамон ва миллати мо ва ҳамчунин ба ҳамаи кишварҳое, ки Омрико барои даргир кардани онҳо бо худ дар ҳифозат аз киштиҳои душмани саҳюнист талош мекунад, ҳушдор медиҳад.
Дуввум ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар чорчӯби вазоиф ва масъулиятҳои динӣ ва миллии худ, аз анҷоми ҳар коре, ки дар роҳи дифоъ ва муқобила бо ҳар гуна таҷовузе лозим аст, дареғ нахоҳанд кард.
Севвум ин ки мавзеъи мо дар Яман дар қиболи масъалаи Фаластин ва мазлумияти миллати Фаластин, тағйирнопазир ва усулӣ аст ва таҳаввулот ҳар чи бошад ва чолишҳо ба ҳар куҷо бирасад низ, тағйир нахоҳад кард ва дигаргун нахоҳад шуд.
Чаҳорум ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар омодагии комили низомӣ барои иҷрои раҳнамудҳои Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари муқовамат, дар ҳар лаҳза барои муқобила бо ҳар гуна таҷовузе ба кишвар ва мардуми мо ба сар мебарад.
Панҷум ин ки душмани омрикоӣ бояд ҳушдорҳои раҳбари мо дар охирин суханрониашро дар назар бигирад, чаро ки вай марди амал ва сухан аст, бар Худои қудратманд ва тавоно такя мекунад ва мавриди ҳимояти як миллати ҷиҳодгар, озода ва гаронқадр аст, ки ин масъала низ ба таври доим ва пайваста дар тазоҳуроти густурдаи мардумӣ дар ҳамаи майдонҳо таҷассум меёбад ва охирин мавриди он низ тазоҳуроти имрӯз буд.
Шашум ин ки нерӯҳои мусаллаҳ, аз ҳамаи миллатҳои уммат мехоҳад, ки дар ҳимоят аз Фаластин ва дар мухолифат бо таҷовузи Омрико ва Исроил алайҳи Ғазза ва ҳамаи миллатҳо ва кишварҳое, ки дар канори мазлумияти миллати Фаластин истодаанд, берун биёянд.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳақиқати тавба
Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба пойгоҳи низомии Исроил

Матолиби пурбоздид