Марди доно ва ғуломи тарсу

Адаб

Марди доно ва ғуломи тарсу

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Подшоҳе бо ғуломаш ба киштӣ савор шуд то бо киштӣ ба ҷое сафар кунанд. Ғулом аввалин бор буд, ки бо киштӣ ба сафар мерафт. Ҳамин ки киштӣ ба дарё рафт, ғулом аз тарс, шурӯъ ба бетобӣ ва гиряву зорӣ намуд.

Ҳар чӣ бо ӯ ба меҳрубонӣ сӯҳбат мекарданд, ором намегирифт. То ҳадде ки подшоҳ аз дасти ӯ башиддат хаставу асабонӣ шуда буд.

Марди доное дар киштӣ буд ва ба подшоҳ гуфт: Агар иҷозат диҳед, ман метавонам ин ғуломро ором кунам.

Подшоҳ гуфт: Агар ин корро кунӣ, лутфи бузурге дар ҳаққи мо кардаӣ.

Марди доно ба хадамаи киштӣ гуфт, ки ғуломро ба дарё биандозанд. Вақте ғарқ шуд ва чанд боре дар об болову поин рафт, ӯро берун оварданд.

Ғулом баъд аз он, дар гӯшае ором гирифту нишаст ва дигар бетобӣ ва доду фарёд намекард.

Аз он доно пурсиданд: Далели ин кор чӣ буд?

Марди доно ҷавоб дод: То вақте ки мусибатро надида буд, қадри саломатӣ ва амнияти киштиро намедонист. Қадри оромиши киштиро касе медонад, ки мусибати ғарқ шудан дар дарёро чашида бошад.

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд

Маъшуқи ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст

Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф

Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст

Фарқ аст, миёни он ки ёраш дар бар

То он ки ду чашми интизораш бар дар.

(Гулистони Саъдӣ; боби аввал, “Дар сирати подшоҳон”, ҳикояти ҳафтӯм)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мавзӯи тарбият дар Баҳористони Ҷомӣ
Гуфтам, ки ба пирӣ расаму тавба кунам

Матолиби пурбоздид