Пешвози барф

Адаб

Пешвози барф

Баҳманёр

Домони шаҳр дошта дасти дарози барф,
Се моҳ то нафас бикашад зери нози барф.
Берун зи хонааш шуда чашмам пур аз шигифт,
Дар кӯҳҳо шукуфта фаровон пиёзи барф.
Эъҷози фаслҳои дигар дилписанд лек,
Овардани баҳор бувад имтиёзи барф.
Ҳар гаҳ буруни хона равам дарк мерасад,
Хушбахтам аз шамоилу аз пешвози барф
Сад шарми бенамозии ман дод бомдод,
Қумрӣ намозхон шуда дар ҷонамози барф.
Гар зистгоҳи ҳозираам шуд ҷаҳон-тироз,
Номи маҳалли модариам буд тирози барф.
Баҳманёр
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Партоби 20 рокет тавассути Ҳамос
Девони Сайфи Фарғонӣ

Матолиби пурбоздид