Туркия 11 узви “ҳалқаи ҷосусии Исроил (Мусод)”-ро, ки қасди харобкорӣ дар Эронро доштанд боздошт кард
Ахбори байналмилал
Созмони иттилооти миллии Туркия (маъруф ба MIT) мегӯяд, шабакаи ҷосусии Мусод (Созмони ҷосусии Исроил), ки қасди харобкорӣ дар Эронро доштанд, дастгир кардааст.
Ба гузориши рӯзномаи Daily Sabah (наздик ба ҳизби Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия) нерӯҳои иттилоотӣ ва амниятии ин кишвар барои муддати як солу ним ин афродро таҳти назар доштанд.
Гузориш мегӯяд, ки Салҷуқ Кучуккоё, раҳбари ин гурӯҳ, аз тариқи яке аз аъзои ҷунбиши “Гулен” ба номи Сиркон Эздемир ба хидмати Мусод даромада буд. Сиркон Эздемир аз кормандони собиқи артиш будааст, ки дар пайи кудатои нофарҷоми соли 2016 ба Омрико фирор карда буд.
Гузориш меафзояд, ки Кучуккоё бо нерӯҳои иттилоотии Мусод дар Урупо мулоқот карда ва пас аз истихдоми нерӯ, маъмурият ёфта, то ба Эрон ворид ва даст ба харобкориҳо ва инфиҷорҳо бизананд.
Қарор аст фардо (панҷшанбе, 4 январ) Сайид Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Туркия сафар ва бо мақомоти олии ин кишвар дар бораи чигунагии посух ба иқдомоти режими саҳюнистӣ баҳсу баррасӣ кунад.