Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҷинояткорон бидонанд, ки аз ҳамакнун омоҷи қатъии муҷозоти одилона хоҳанд буд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҷинояткорон бидонанд, ки аз ҳамакнун омоҷи қатъии муҷозоти одилона хоҳанд буд”

Ахбори байналмилал

farsnews

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар пайи шаҳодати ҷамъе аз зоирони мазори шаҳид Сулаймонӣ дар ҳодисаи теруристӣ дар масири Гулзори шуҳадои Кирмон паёме содир кард. Матни паёми раҳбари Эрон ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Душманони шарур ва ҷинояткори миллати Эрон, бори дигар фоҷеа офариданд ва ҷамъи зиёде аз мардуми азизро дар Кирмон ва дар фазои муаттари мазори шаҳидон, ба шаҳодат расонданд.

Миллати Эрон азодор шуд ва хонаводаҳои зиёде дар сӯги ҷигаргӯшагон ва азизони худ ғарқи мотам шуданд. Ҷинояткорони сангдил натавонистанд ишқу шавқи мардум ба зиёрати марқади сардори бузургашон шаҳид Қосим Сулаймонӣро таҳаммул кунанд. Бидонанд, ки сарбозони роҳи равшани Сулаймонӣ ҳам, разолат ва ҷинояти ононро таҳаммул нахоҳанд кард. Чӣ дастҳои олуда ба хуни бегуноҳон ва чӣ мағзҳои муфсид ва шароратзо, ки ононро ба ин гумроҳӣ кашондаанд, аз ҳамакнун омоҷи қатъии саркӯб ва муҷозоти одилона хоҳанд буд. Бидонанд, ки ин фоҷеаофаринӣ посухи сахте дар пай хоҳад дошт, биизниллоҳ!

Инҷониб дар азои хонаводаҳои мусибатдида бо онон ҳамдилу ҳамроҳам ва сабру тасаллои ононро аз Худованди Мутаъол масъалат мекунам. Руҳи мутаҳҳари шаҳидон иншоаллоҳ меҳмони бонуи ду олам ва модари шаҳидон ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира саломуллоҳи алайҳост. Бо маҷрӯҳони ҳодиса ҳамдардӣ мекунам ва шифои ононро аз даргоҳи илоҳӣ хосторам.

Сайидалӣ Хоманаӣ

13/10/1402 (3 январи 2024)

farsnews

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа
Ансоруллоҳи Яман: “Ҷумҳурии Исломии Эрон қавитар аз тамоми тавтиаҳост”

Матолиби пурбоздид