Панҷ нукта дар бораи ҳодисаи теруристии Кирмон
Панҷ нукта дар бораи ҳодисаи теруристии Кирмон: чӣ бояд кард?
Asriran
Таҳлиле бисёр хуб дар Asriran:
“Рӯзи 25 декабр Исроил яке аз калидитарин сардорони Сипоҳ, шаҳид Сайидразӣ Мусавиро дар Димишқ терур кард. Парерӯз низ муовини сиёсии Ҳамосро, ки аз наздикони Эрон дар Бейрут буд, терур кард ва дирӯз ҳодисаи теруристии Кирмон бо даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ рақам хӯрдааст.
Дар ин бора, 5 нуктаро метавон мурур кард ва ба интизори ахбор ва рӯйдодҳои баъдӣ нишаст:
1) Ибтидо бояд ба хонаводаҳои шуҳадои ин ҳодисаи теруристӣ таслият гуфт ва бо онон ва маҷрӯҳони ҳодиса, ки ҳамватанони доғдида ва осебдидаамон ҳастанд, ибрози ҳамдардӣ кард. Инсоният ва эроният ҳукм мекунад, шарики ғами мардуми шаҳре аз ин диёр бошем, ки дирӯз бисёре аз хонаводаҳояш, гирёну азодори азизон шуданд.
Ин ки аккаунтҳои ҷаълие, ки ба забони форсӣ дар он сӯйи об – аз Тироно то Телавив – фаъоланд, аз ин хунрезии ваҳшиёна – ва аз ҷумла куштани чандин кӯдак – ибрози хурсандӣ кунанд, дар воқеъ пайвасти таблиғотии ин амалиёт ва идомаи он аст ва бовар ва такрори онҳо, ниҳояти нобихрадӣ ва дур шудан аз омӯзаҳои инсонӣ аст.
Мардуми Эрон азодори қатли омми ҳамватанонашон ҳастанд ва марз байни нақдҳо ва мухолифатҳои сиёсӣ бо масоили миллӣ ва инсониро хуб мешиносанд.
2) Ҳарчанд то кунун расман эълом нашуда, ки омили ин амалиёти теруристӣ кист, вале метавон онро идомаи терурҳои Исроил донист, ки ахиран аз сар гирифта шудааст.
Ба назар мерасад, Исроил баъд аз зарбаи “Тӯфон ал-Ақсо”, ки дар шок фурӯ рафта буд, инак дар масири бозёбии худ ва истилоҳан дар ҳоли баргашт ба танзимоти корхонаии худ аст, ки “терур”, яке аз аркони нармафзорӣ ва сахтафзориаш ба шумор меравад.
Яке аз стратегияҳои Исроил дар тӯли ҳаёти 75 солааш, “задани зарбаи мутақобили саҳмгин” будааст. Бад-ин маъно, ки ҳар гоҳ нерӯе ба Исроил зарбае мезанад, Исроил бо чандин баробар зарбаи ворида онро ҷуброн мекунад, магар он ки аз паёмадҳои баъдиаш бимнок бошад.
Аз ҳамин рӯст, ки дар дохили сарзаминҳои ишғолӣ, ба маҳзи ин ки як фаластинӣ иқдоми кучаке алайҳи саҳюнистҳо бикунад (масалан бо худрав ба низомиёнашон бизанад) ва ҳатто ҷони худро низ аз даст бидиҳад, ҳукумати Исроил хонаи хонаводаи ӯро бо булдозер тхриб мекунад.
Ҳамчунин бар асоси ин стратегия аст, ки баъд аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”, шадидтарин ҳамалотро алайҳи Ғазза, сокинон ва зерсохтҳояш шакл додааст.
Дар ин стратегия, зарбаи мутақобил, ҳам интиқом аз зарбаи қаблӣ аст ва ҳам талоше аст барои мумонаъат аз зарбаи баъдӣ.
Бо ин шинохт аз стратегияи ҳамешагии Исроил, аз ҳамон ибтидои “Тӯфон ал-Ақсо” мушаххас буд, ки Исроил ба маҳз ин ки ба худ биёяд, хоҳад кӯшид на фақат ба Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ва Ғазза, ки ба ҳампаймононашон яъне Эрон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ва нерӯҳои муқовамати Ироқ ва Яман низ аз тариқҳои мухталифе ба вежа амалиёти теруристӣ осеб бирасонад.
Ба назар мерасад, Исроил дар идомаи ҳамин стратегия, бахше аз проекти интиқом ва ҷуброни расвоии 7 октябрро ба дохили хоки Эрон кашондааст; он ҳам дар солрӯзи шаҳодат ва бар сари мазори касе, ки дар солҳои ахир бештарин зарбаро ба манофеъи саҳюнистҳо дар минтақа задааст ва бисёре ӯро яке аз меъморони аслии қудрати Ҳамос медонанд: сардори шаҳид Қосим Сулаймонӣ.
Ба воқеъ метавон гуфт, ин амалиёти теруристӣ на фақат барои зарба задан ба Эрон ба хотири ҳимояташ аз Ҳамос анҷом шуда, ки интихоби рӯз ва макони амалиёт низ маънодор аст ва ба навъе интиқом аз касе аст, ки агар набуд, кори Исроил низ бад-ин андоза сахт намешуд.
Ҳол чӣ бояд кард? Оё бояд даст рӯйи даст гузошт ва иҷоза дод саҳюнистҳо ҷавалон диҳанд ва сардорони моро дар Сурия ва мардуми оддиро дар Эрон терур кунанд? Ё ин ки эъломи ҷанг кард ва вориди маъракаи низомӣ шуд?
Роҳи нахуст, ки танҳо ба ҷаритар шудани душман меанҷомад ва ҷанги тамомаёр ҳам хостаи Исроил аст, чаро ки бад-он баҳона пойи Омрикоро ба тақобули низомӣ бо Эрон мекашонад ва худ канора мегирад ва ин, ба суди Эрон нахоҳад буд; ҳарчанд ки маълум нест дар поёни чунон ҷанги вайронгаре, ки Эрон ҳатман осеби ҷиддӣ ва густурда хоҳад дид, асосан Исроиле боқӣ мемонад ё хайр?
Танҳо роҳи маъқул, афзоиши ҳазинаи иқдомоти теруристии Исроил алайҳи Эрон аст. Ин ки куҷо, чӣ гуна ва дар чӣ сатҳе бояд манофеъи Исроил зери зарба биравад, амрест хориҷ аз тахассуси иттилоотӣ ва низомии мо, вале он чи мусаллам аст ин ки агар баъд аз ҳар теруре, ки исроилиҳо анҷом медиҳанд, фақат ба паёмҳои таҳдидомез алайҳи Исроил иктифо кунем, вале баъд аз он, иқдоми мутаносибе анҷом надиҳем, натиҷае ҷуз густариши иқдомоти теруристии саҳюнистҳо оидамон нахоҳад шуд.
3) Ин ҳодисаи хунбор, бояд занги ҳушдоре ҷиддӣ барои системи амниятии мо бошад, чаро ки бурузи чунин фоҷеае он ҳам дар як маросими расмӣ ва аз пеш эъломшуда, сирфан метавонад ношӣ аз “мушкилот”-и ҷиддӣ дар систем бошад.
Он чи дар Кирмон иттифоқ афтод, инфиҷори норинҷаки кқчак ё тирандозии худсаронаи як унсури такфирӣ ба самти мардум набуд, балки ду бомби бузург бо қудрати инфиҷории бисёр боло, ки бо ҳадаф гирифтани бештарин талафоти инсонӣ тарроҳӣ ва сохта шуда буданд, мунфаҷир шуданд ва садҳо шаҳид ва маҷрӯҳ бар ҷой гузоштанд.
Камтар суроғ доштаем, ки бо инфиҷори танҳо ду бомб, наздики 400 нафар шаҳид ва маҷрӯҳ шаванд. Ин нишон медиҳад, ки амалиёт бо бомбҳои ҳирфаӣ ва қудратманд шакл гирифта ва ҳадафи он, гирифтани ҳаддиаксари талафоти инсонӣ будааст.
Чунин амалиёте қатъан дорои шабакаи теруристӣ аст, ки ақабаи тадорукотӣ ва молӣ ва ангезаҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ дорад. Адами шиносоии бамавқеъи тарроҳон ва омилони ин амалиёт он ҳам дар шароите, ки мешуд ҳадс зад, ки Исроил бихоҳад бозиро ба замини Эрон бикашад, нуқтаи заъфест дар канори нуқоти қуввати мавҷуд, ки бояд рӯйи он кор ва бо қосирон ва муқассирони эҳтимолӣ, бидуни ҳеч мумошоте бархӯрд шавад.
Дар ин нақд ва ислоҳи дарунӣ, албатта набояд дар доми соддаандешиҳо ва тавҷеҳоте монанди он чи устондори Кирмон гирифтааст афтод, ки сооте пас аз ҳодиса гуфтааст: “Инфиҷорҳо хориҷ аз маҳдудаи исти бозрасӣ рух дод”; гӯ ин ки дар он сӯйи истҳо, дастгоҳҳои амниятӣ масъулияте надоштанд ва ҳол он ки ист, охирин ва пеши по афтодатарин бахш аз сомонаи муроқабатҳои амниятӣ аст.
4) Баъд аз инфиҷори аввал, ба суръат ин шойеъа печид, ки капсули гоз мунфаҷир шудааст!
Ҷо дорад омили аввалии интишори ин хабари кизб ва инҳирофӣ шиносоӣ шавад. Чаро бояд як инфиҷори теруристӣ, ки дар рӯзи равшан ва пеши чашми ҳазорон нафар рух дода, ба инфиҷори капсули гоз тақлил ёбад?
Чӣ ҳадафе пушти ин шойеъа будааст?
Оё агар мардум медонистанд, ки амалиёти теруристӣ рух дода ва ба суръат онҷоро тарк мекарданд, бомби дуввум, ки 20 дақиқа баъд мунфаҷир шуд, талафоти камтаре надошт? Намедонем, вале итминон дорем ин мавзӯъ қобили баррасии ҷиддӣ ва тахассусӣ аст ва бояд натоиҷашро ба иттилоъи мардум расонд.
5) Ба назар мерасад, замони он расидааст, ки бархе сиёсиюн, ки ба вежа дар маҷлис (порлумон) бо тарҳҳои аҷибу ғариб, авлавиятҳои кишварро ҷобаҷо мекунанд ва тавони фикрӣ, равонӣ ва амалиётии нерӯҳои интизомӣ ва амниятиро ба ҳошия мекашонанд, мутаваҷҷеҳи ин маъно шаванд, ки ин нерӯҳо низ ҳамонанди ҳамаи инсонҳо ва созмонҳо, тавон ва энержии таърифшуда ва маҳдуде доранд, ки бояд онро сарфи авлавиятҳои амниятии кишвар кунанд ва баҳсҳои фарҳангӣ ва динӣ монанди фаризаи шаръии ҳиҷобро ба аҳли дину фарҳанг бисупоранд.
Бузургтарин иҷҳофи сиёсиюн ба нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ дар ҳар кишваре, дур кардани онҳо аз маъмуриятҳои печида ва тахассусиашон ва ҳадар додани энержиашон дар умури номуртабит аст.
Умед, ки адолат ҳар чи зудтар дар бораи теруристҳои ин ҳодисаи хунбор иҷро шавад, то балки боиси ташаффии хотири хонаводаҳои азодор ва мардуми Эрон шавад.”
Asriran
Қаламонлайн