Интиқом барои истиқлол

Таҳлили хабарӣ

Интиқом барои истиқлол

Баёнияи ҷунбиши мардумии «Ватандор»

Додоҷон Атовуллоев – роҳбари ҷунбиши мардумии «Ватандор»

Баёнияи ҷунбиши мардумии «Ватандор»

Беш аз сад кушта ва зиёда аз дусад захмӣ дар як рӯзи зимистонӣ кори дасти кист?

Солҳост, ки Амрико ва Исроил ба Эрон таҳдид мекунанд. Махсусан, баъди ҷанг бо Фаластин. Ду шайтон – яке кӯчаку дигаре калон орзу мепарваранд, ки дар харитаи ҷаҳон Эрон набошад. Агар бошад ҳам Эроне бошад, ки аз Вашингтон ё Телавив идора шавад. Мисли аксари кишварҳои Ховари Миёна.

Агар Эрон набошад, дунё ангуштарии бе нигин аст.

Агар дунё рӯшан аст, ин рӯшанӣ аз нуру фурӯғу чароғони Эрон аст!

Басо касон ва нокасон дар дунё ҳастанд, ки бо ҳасодат ба ин мамлакати озодагон ва фарзонагон менигаранд.

Ҳеч кишваре дар дунё нест, ки мисли Эрон бадхоҳ дошта бошад. Терури имрӯза дар Кирмон ҳамлаи шағолон ба қароргоҳи шерон аст.

Сухан гуфтан дар мавриди ин ҳамлаи ваҳшиёна сахт мушкил аст. Онҳое, ки ба ин ҷиноят даст заданд, бояд бидонанд, ки Эронро ҳеч гоҳ наметавонанд, ба зону биншонанд. Эрон танҳо ба Худо саҷда мекунад.

Эроне, ки қариб ним сада боз ними дунё бар зидаш таҳрим эълон кард, вале Эрон як қадам ба ақиб наниҳод.

Эрон кӯҳест, ки аз сангпартоӣ миҷааш хам намехурад. Ин кӯҳи азамат ҳамеша побарҷост. Ин кӯҳи баланд НОМУС ном дорад. Ин кӯҳи баланд ИЗЗАТ ном дорад. Ин кӯҳи баландро ҳеч абарқудрате наметавонад фатҳ бинамояд. Дар тамоми дунё баландтарин қуллае ҳаст ва менамояд, ки он Эрон ном дорад.

Макони шаҳидон ҷаннат бод! Ба азодорони Кирмон таслият мегӯем. Бо миллати азизи Эрон ғамшарикем. Тоҷикистон бо шумост!

Поянда бод Эрон!

Душманонат хору залил гарданд ва сангҳое, ки ба ту мепартоянд, санги сари гӯрашон бод!

Худо ёрат, Эрони танҳо!

Додоҷон Атовуллоев, роҳбари ҷунбиши мардумии «Ватандор»

Берлин

04.01.2024

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Террористи Кирмон тоҷикистонӣ будааст
Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи теруристии Кирмонро маҳкум кард

Матолиби пурбоздид