Террористи Кирмон тоҷикистонӣ будааст
Ахбори байналмилал
Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоияе дар бораи инфиҷорҳои Кирмон эълом карда, ки “аз ду теруристи маъдуми интиҳорӣ як нафар миллияти тоҷикистонӣ дошта ва ҳувияти теруристи дувум ҳанӯз ба сурати қатъӣ эҳроз нашудааст”.
Бино ба додаҳои расмӣ, дар ду инфиҷори саҳмгини чаҳоршанбе дар маросими ёдбуди сарлашкар Қосими Сулаймонӣ дар Кирмон 89 тан, аз ҷумла 12 шаҳрванди Афғонистон ҷон додаанд.
Қаламонлайн