Фабрикаи марг

Таҳлили хабарӣ
Фабрикаи марг
Ёддоште аз Додоҷон Атовулло
Лентаи ин корхонаро кӣ ва кай бурид?
Тоҷикистони замони Истиқлол бо фабрикаи истеҳсоли муҳоҷираш ном баровард. Ва аслан ба Русия кӯчарӯб, назофаткор – ҳоҷатхонатозакуну зарфшӯй ва парастор ирсол мекунад.
Дар худи мамлакат истеҳсоли «ҳоҷӣ» ва «нимчамулло» равнақ ёфт. Куҷое нанигарӣ, як нимчамулло ва ҳоҷиро мебинӣ. Роҳбари мамлакат Ҳоҷиэмом – қаҳрамони садунвона ҳоҷии панҷкарата шуд.
Солҳои охир Тоҷикистон барои боло бурдани обрӯи кишвар, «фабрикаи марг» бунёд кард. Интиҳориҳо, худкушҳо – камикадзеҳои тоҷик дар Сурия, Ироқ, дар сафи ДОЪИШ (Давлати Исломӣ) аз ҳама миллатҳои дигар бештар буданд. Солҳои охир худкушҳо рӯ ба Аврупо оварданд. Дар Олмон, Утриш, Белжик бахше аз онҳо боздошт шуданд. Дар Русия ҳам чанд бор худкушҳои тоҷикро дастгир карданд.
Пареррӯз дар Эрони Исломӣ дар натиҷаи як амали террористӣ беш аз 300 нафар одамони бегуноҳ кушта ва захмӣ шуданд. Ба гузориши мақомоти Теҳрон, яке аз интиҳориҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Як бор ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар занед, ҳатман чанд чеҳраи касифи таблиғгарони маргро мебинед. Маҳз онҳо ба ҷавонони ноозмуда ва зудбовар «роҳхат ба биҳишт» медиҳанд. Ҳар ночизе, ки дар кӯлбораш чизе надорад, худро вакили Худо ва Паёмбари ислом эълон мекунад. Мухолифони мазҳабии Тоҷикистон дар ин радиф ва дар ин раддаанд.
Маҳз онҳо ба баҳси шиъаву суннӣ керосин мерезанд. Баҳси бесуди садсолаҳо. Худое накарда онҳо ба сари қудрат биёянд, дар Помир, ки бештарашон суннимазҳаб нестанд, ягон зинда мемонад? Ҷанг бо Эрони шиъамазҳаб, ки бародарони моянд, мекунанд? Киро ва дар куҷо метарконанд?!
Душмани ислом на масеҳӣ, на буддоӣ, на зардуштӣ, на даҳрист. Ислом ду душман дорад: нимчамулло ва мусалмони нодон. Иззат, қудрат ва шаҳомати исломро ҳаминҳо паст мекунанд. Худоё, бубахшо, онҳоеро, ки ҳизбашон номи исломи азизро дорад, онҳое, ки дар масҷиду минбарҳо мавъиза мекунанд, мебинаму мегӯям, ҳамин олудагон, ҳамин ношустагон, ҳамин аблаҳон, ҳамин воизони ҳарзагӯ ва кавдан аҳли биҳишт гарданд, барои як шахси боор ва бохирад бо ҳамонҳо дар як макон будан ҷазост ё…?! Дар ин умри дурӯза бо онҳо нафас кашидан, зистан азоби алим аст, чӣ расад бо онҳо то ҷовидонҳо будан?!
Аҷоиботи ъолам: террори Кирмонро ҳама дунё маҳкум карду ба миллати Эрон таслият гуфт, ба ҷуз ҳизби Бенёмин Нотаняҳу ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистони Мулломуҳиддин Кабирӣ.
Ин мавзӯъи дигар, барои рисолаи дигар аст. «Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?!» Ҳамин саҳар аз Туркия бародаре телефон кард, ки дар фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистонро соатҳо нигоҳ дошта пурсуҷӯ кардаанд. Чанд рӯз пеш ду дипломати олмонӣ боизтироб аз ман мепурсиданд, ки оё ягон шахси шубҳаовар ва ё моил ба амалиёти таҳрибкориро дар байни гурезаҳои тоҷик мешиносам?
Масъулият комилан дар дӯши ҳукумати Тоҷикистон аст. Сиёсати ҷаллодона, беадолатӣ, ноумедӣ ба фардо бисёр ҷавононро ба он овардааст, ки зиндагӣ барояшон арзише надорад. Роҳи наҷотро онҳо дар марг барои зиндагӣ дар он дунё мебинанд. Исломе, ки ман мешиносам, дини зиндагист. Агар ба биҳишт рафтан бихоҳӣ, атои Худо зиндагии худат ва атрофиёнатро биҳишт гардон.
Ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии мухолиф ва норозиёни бешумори Тоҷикистон алҳол дар байни мардум на эътибор доранд, на роҳкори ҷаззоб, на чеҳраҳои номдор, на имконияти молӣ. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки фардо онҳо сармоягузоре пайдо намекунанд ва интиҳориҳоро ба Бағдоду Димишқ, Маскаву Берлину Вена, Шерозу Кирмон не, ба Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ё Кӯлоб мефиристанд?! Бо ҷоиза ва дастмузди бемисл: роҳхат ба биҳишт ва лаззати беинтиҳо дар канори ҳуру ғилмонҳо. Неъматҳое, ки онҳоро чашме надида ва гӯше нашунидааст…
…Духтури оилавии хонаводаи мо дар Берлин бонуи эронист. Дирӯз ба наздаш рафта будам. Ӯ баъди салом гуфт:
– Мо, эрониҳо ба шумо – тоҷикон чӣ бадӣ кардем, ки аллакай ду бор шаҳрвандони моро дар хонаи худамон куштед?
Замин накафид, ки зераш дароям! Бо хиҷолат, бо сари хам, бо эҳсоси гуноҳи азиме гуфтам:
– Бубахшед…
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Душанбе!
Д. А.
Дар сурат:
Тоҷикистоние, ки худро дар Кирмон кафондааст. Расм аз расонаҳри ҶИЭ.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мирзонабии Холиқзод: Марзи номус то куҷост?
Афсона ва воқеият

Матолиби пурбоздид