Ҳар ваъда, ки доданд…

Адаб

Ҳар ваъда, ки доданд…

Эраҷ Мирзо

Ҳар ваъда, ки доданд ба мо боди ҳаво буд

Ҳар нукта, ки гуфтанд, ғалат буду риё буд

Чӯпонии ин гала ба гургон бисупурданд

Ин шеваву ин қоидаҳо расми куҷо буд?

Риндон ба чаповул сари ин суфра нишастанд

Инҳо ҳама аз ғафлату беҳолии мо буд!

Хӯрданду шикастанду дариданду таконданд

Ҳар чиз дар ин хонаи бебаргу наво буд

Гуфтанд чунинему чунонем дареғо…

Инҳо ҳама лолоии хобондани мо буд!

Эй кош, дари дезии мо боз намемонд

Ё кош, ки дар гурба каме шарму ҳаё буд.

Эраҷ Мирзо

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳрифи таърих
Сиёсатмадори ростгӯ!!!

Матолиби пурбоздид