Гиреҳгушой

Адаб

Гиреҳгушой
Парвини Эътисомӣ
Пирамарде муфлису баргашта бахт,
рӯзгоре дошт ноҳамвору сахт.
Ҳам писар, ҳам духтараш бемор буд.
Ҳам балои фақру ҳам темор буд.
Ин даво мехостӣ, он як пизишк.
Ин ғазояш оҳ будӣ, он сиришк.
Ин асал мехост, он як шӯрбо.
Ин лиҳофаш пора буд, он як қабо.
Рӯзҳо мерафт бар бозору кӯй.
Нон талаб мекарду мебурд обрӯй.
Даст бар ҳар худпарасте мегушуд.
То пашизе бар пашизе мефузуд.
Ҳар амиреро равон мешуд зи пай.
То магар пироҳане бахшад ба вай.
Рӯз соил буду шаб бемордор.
Рӯз аз мардум, шаб аз худ шармсор.
Субҳгоҳе рафту аз аҳли карам,
кас надодаш, на пашизу на дирам.
Аз даре мерафт ҳайрон бар даре.
Раҳнавард, аммо на пое, на саре.
Ношумурда барзану кӯе намонд.
Дигараш пои такопӯе намонд.
Дирҳаме дар дасту дар доман надошт.
Созу барги хона баргаштан надошт.
Рафт сӯи осиё ҳангоми шом.
Гандумаш бахшид деҳқон, як ду ҷом.
Зад гиреҳ дар доман, он гандум фақир.
Шуд равону гуфт: к–эй Ҳаййи қадир !
Гар ту пеш орӣ ба фазли хеш даст.
Баргушоӣ ҳар гиреҳ к–айём баст.
Чун кунам ё Раб дар ин фасли шито.
Ман алилу кӯдаконам ношито.
Мехарид ин гандумро якҷой кас.
Ҳам асал з–он мехаридам, ҳам адас.
Он адас дар шӯрбо мерехтам.
В–он асал бо об меомехтам.
Дард агар бошад яке, дору якест.
Ҷон фидои он ки дарди ӯ якест.
Бас гиреҳ бигшудаӣ аз ҳар қабил.
Ин гиреҳро низ бигшо, эй Ҷалил !
Ин дуо мекарду мепаймуд роҳ.
Ногаҳ афтодаш ба пеши по нигоҳ.
Дид гуфтораш фасод ангехта.
В-он гиреҳ бигшуда, гандум рехта.
Бонг барзад к–эй Худои додгар !
Чун ту доное, намедонад магар ?
Солҳо нарди худоӣ бохтӣ !
Ин гиреҳро з–он гиреҳ нашнохтӣ ?
Ин чи кор аст, эй Худои шаҳру деҳ ?
Фарқҳо буд, ин гиреҳро з–он гиреҳ !
Чун намебинад, чу ту бинандае ?
К–ин гиреҳро баргушояд, бандае ?
То ки бар дасти ту додам корро.
Ношито бигзоштӣ беморро.
Ҳар чи дар ғарбол дидӣ, бехтӣ.
Ҳам асал, ҳам шӯрборо рехтӣ.
Ман туро кай гуфтам, эй ёри азиз !
К–ин гиреҳ бигшову гандум бирез ?
Аблаҳӣ кардам ки гуфтам, эй Худой !
Гар тавонӣ, ин гиреҳро баргушой !
Он гиреҳро чун наёрастӣ гушуд.
Ин гиреҳ бигшуданат, дигар чи буд ?
Ман Худованде надидам, з–ин намат.
Як гиреҳ бигшудиву он ҳам ғалат.
Алғараз, баргашт мискин дарднок.
То магар барчинад он гандум зи хок.
Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар.
Дид афтода яке ҳамёни зар.
Саҷда карду гуфт: к–эй Рабби вадуд !
Ман чи донистам, туро ҳикмат чи буд ?
Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳмат аст.
Ҳар киро фақре деҳӣ, он давлат аст.
Ту басе з–андеша бартар будӣ.
Ҳар чи фармон аст, худ фармудаӣ.
З– он ба торикӣ гузорӣ бандаро.
То бибинад, он рухи тобандаро.
Теша з– он, бар ҳар рагу бандам зананд.
То ки бо лутфи ту пайвандам зананд.
Гар касеро аз ту дарде шуд насиб.
Ҳам саранҷомаш ту гардидӣ табиб.
Ҳар ки мискину парешони ту буд.
Худ намедонисту меҳмони ту буд.
Ризқ з–он маънӣ надодандам хасон.
То туро донам паноҳи бекасон.
Нотавонӣ з–он диҳӣ бар тандуруст.
То бидонад, к–он чи дорад, з–они туст.
З–он ба дарҳо бурдӣ ин дарвешро.
То ки бишносад Худои хешро.
Андар ин пастӣ қазоям з–он фиканд.
То туро ҷӯям, туро хонам баланд.
Ман ба мардум доштам, рӯи ниёз.
Гар чи рӯзу шаб, дари Ҳақ буд боз.
Ман басе дидам худовандони мол.
Ту каримӣ, эй Худои зулҷалол.
Бар дари дунон, чу афтодам зи пой.
Ҳам ту дастамро гирифтӣ, эй Худой !
Гандумамро рехтӣ, то зар диҳӣ.
Риштаам бурдӣ, то ки гавҳар диҳӣ.
Дар ту Парвин нест, фикру ақлу ҳуш.
В–арна деги Ҳақ намеафтод зи ҷуш.
Парвини Эътисомӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Камоли инсон
Ҳамлаи рокетии густарда ба пойгоҳи низомии Омрико дар шарқи Сурия

Матолиби пурбоздид