Изҳори ҳамдардии шоири тоҷик бо шаҳидони Кирмон

Изҳори ҳамдардии шоири тоҷик бо шаҳидони Кирмон

Изҳори ҳамдардии шоири тоҷик Бузургмеҳр Баҳодур бо шаҳидони Кирмон

Бузургмеҳр Баҳодур, шоири ҷавони тоҷик, дар робита бо ҳодисаи теруристии Кирмон шеъре суруда ва бо мардуми Эрон ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Ба гузориши Форс ба нақл аз Бошгоҳи хабарнигорони Тавоно, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сафҳаи Твиттери худ шеъре бо унвони “Сӯгномаи шаҳидон” барои ибрози ҳамдардӣ бо шуҳадои ҳодисаи теруристии Кирмон, аз як шоири ҷавони тоҷик ба номи Бузургмеҳр Баҳодур ба иштирок гузошта, ки вокуниши корбаронро низ ба ҳамроҳ дошт.

Дили пурхун

(Сӯгномаи шаҳидони Эрон дар пайи амали теруристӣ)

Зи Эрон чу пурсӣ, дилам хун шавад,

Далерон чу пурсӣ, дилам хун шавад.

Ба тифлони беайби озурдаҷон,

Зи пирон чу пурсӣ, дилам хун шавад.

Ба мардони озоду озодагон,

Зи шерон чу пурсӣ, дилам хун шавад.

Ба он мулки шоҳони оринажод,

Фақирон чу пурсӣ, дилам хун шавад.

Чӣ сон ман нависам тасаллӣ, бигӯ,

Дабирон чу пурсӣ, дилам хун шавад.

Чу хуни ману ӯ зи як чашма аст,

Зи Эрон чу пурсӣ, дилам хун шавад!

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имзои тафоҳумномаи илмии Эрон ва Тоҷикистон
Идомаи бозтоби баёнияи Додоҷон Атовуллоев дар расонаҳои Эрон

Матолиби пурбоздид