Ҷузъиёти таҷовузи низомии Англис ва Амрико ба Яман

Ҷузъиёти таҷовузи низомии Англис ва Омрико ба беш аз 12 нуқта дар Яман
Ахбори байналмилал
Ба гузориши манобеъи хабарӣ, бомдоди ҷумъа (12 январ) Омрико ва Ангилис аз ҳамла ба беш аз 12 нуқта дар Яман хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, яке аз мақомҳои аршади Ансоруллоҳ дар лаҳазоти аввали ҳамла, ба Алҷазира гуфт, ки дар шаҳрҳои Санъо, Алҳидида, Саъда ва Зимор инфиҷор гузориш шудааст.
Як мақоми омрикоӣ дар гуфтугӯ бо Reuters муддаӣ шуд, ҳамалоти Омрико ва Ангилис дар Яман бо ҳавопаймо, киштӣ ва зердарёӣ анҷом шуд.
Баъд аз ин ҳамалот, як мақоми омрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира гуфт, ки ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи Яман поён ёфтаанд. Ӯ бо вуҷуди ин, муддаӣ шуд: “Мо дар сурати идомаи таҳдидҳо, ҳаққи посухро барои худ маҳфуз медонем.”
Маконҳои мавриди ҳамла
Мақомҳои омрикоӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи давлатии Садои Омрико тасреҳ карданд, ки Ангилис ва Омрико марказҳои омӯзишӣ, пойгоҳҳои ҳавоӣ ва таъсисоти нигаҳдории паҳподи мутаъаллиқ ба Ансоруллоҳи Яманро ҳадаф қарор доданд.
Кишварҳои мушорикаткунанда
Як мақоми омрикоӣ ба Садои Омрико гуфт, Устролиё, Конодо, Ҳуланд (Нидерланд) ва Баҳрайн ҳам дар ҳамла ба Яман, ба Омрико ва Ангилис кӯмак кардаанд.
Гузоришҳое аз посухи Ансоруллоҳ
Баъд аз ҳамалоти Омрико ва Ангилис, манобеъи байналмилалӣ гузориш доданд, нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман дар ҳоли шиллики мушакҳои болистик ба самти мавозеъе дар баҳри Сурх ҳастанд.
Як мақоми Ансоруллоҳ ҳам ба Алҷазира гуфт, ки нерӯҳои ин ҷунбиш дар ҳоли посух додан ба ҳамалоти Омрико ва Ангилис дар баҳри Сурх ҳастанд.
Омрико: “Ҳамлаи мо дифоъӣ буд!”
CNN ба нақл аз як мақоми омрикоӣ гузориш дод, Энтони Блинкен дар сафари ахири худ ба минтақа, ба сарони кишварҳои минтақа гуфта, ки ҳамла ба мавозеъи Ансоруллоҳ дифоъӣ аст ва ба қасди ташдиди таниш анҷом намешавад.
Ҷузъиёти расонаҳои Омрико аз ҳамла ба Яман
Рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз як мақоми омрикоӣ муддаӣ шуд, эътилофи таҳти раҳбарии Омрико беш аз 12 ҳамла алайҳи мавозеъи Ансоруллоҳ дар Яман анҷом дод.
Шабакаи CNN ба нақл аз мақомҳои омрикоӣ гузориш дод, беш аз 12 пойгоҳи таҳти контроли Ансоруллоҳи Яман тавассути эътилофи Омрико ҳадаф қарор гирифт.
Тибқи ин гузориш, марказҳои родорӣ, мушакҳои болистик, мушакҳои круз ва паҳпод, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Ба навиштаи CNN, дар ин ҳамалот аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ, киштиҳои ҷангӣ ва зердарёӣ ва мушакҳои “Томагавк” истифода шуд.
Ҳушдори Ансоруллоҳ
Муовини вазири хориҷаи давлати мустақар дар Санъо таҷовузи эътилофи Омрико ба Яманро маҳкум кард.
Вай гуфт: “Кишвари мо бо як ҳамла таҷовузкорона аз тарафи киштиҳо, зердарёиҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии Омрико ва Ангилис рӯбарӯ шудааст.
Вай идома дод: “Бидуни шак, Омрико ва Ангилис бояд мунтазири пардохти баҳои газоф бошанд ва табаъоти ин таҷовузи ошкорро таҳаммул кунанд.”
Баёнияи сарони Омрико ва Ангилис
Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико дар баёнияе гуфт: “Мо бо ҳамкорӣ бо Бритониё ва бо ҳимояти Устролиё, Баҳрайн, Конодо ва Ҳуланд (Нидерланд) ҳамалоти муваффақиятомезе алайҳи чанд ҳадаф дар Яман анҷом додем.”
Раисиҷумҳури Омрико муддаӣ шуд, ҳамалоти анҷомшуда алайҳи мавозеъе будаанд, ки Ансоруллоҳ аз онҳо барои таҳдиди озодии тарддуди дарёӣ истифода мекунад.
Баъд аз Бойден, Риши Сунок, нахуствазири Ангилис ҳам баёнияе содир кард. Ӯ гуфт: “Нерӯи ҳавоии салтанатӣ ҳамалоти ҳадафманде алайҳи таъсисоти низомии мавриди истифодаи Ҳусиҳо дар Яман анҷом дод. Амалиёти мо ҳамалоте зарурӣ, маҳдуд ва мутаносиб барои дифоъ аз худамон буд.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовамати Ироқ дар интиқом аз ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман, ба Исроил ҳуҷум кард
Ансоруллоҳ: “Амрико ва Англис хоҳанд фаҳмид, ки ҳамла ба Яман, бузургтарин ҳамоқати онҳо будааст”

Матолиби пурбоздид