Шаҳодати чаҳор эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба Димишқ

Шаҳодати чаҳор эронӣ дар ҳамлаи Исроил ба Димишқ

Ахбори байналмилал

Шаҳодати 4 мусташори низомии Эрон дар ҳамлаи Исроил ба Димишқ

Tasnimnews

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон аз шаҳодати 4 мусташори эронӣ дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Димишқ, пойтахти Сурия хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, равобити умумии кулли Сипоҳи Эрон дар баёнияе аз шаҳодати 4 мусташори эронӣ дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Сурия хабар дод.

Ин баёния меафзояд: “Бори дигар режими ҷинояткори саҳюнистӣ иқдом ба таҷовуз ба шаҳри Димишқ, пойтахти кишвари Сурия намуд ва тайи ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои режими мутаҷовиз ва ғосиб, теъдоде аз нерӯҳои сурӣ ва 4 тан аз мусташорони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омаданд”.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳамлаи субҳи имрӯз (20 январ)-и режим саҳюнистӣ ба минтақаи Алмазза дар Димишқи Сурия, теъдоде аз мардуми Сурия низ ба шаҳодат расидаанд.

Ҷузъиёти ин гузориш то соатҳое дигар такмил хоҳад шуд.

Tasnimnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба Яман
Пойтахти Сурия ҳадафи мушаки исроилӣ

Матолиби пурбоздид