Эъломи оғози амалиёти муҳосараи дарёии режими саҳюнистӣ дар баҳри Медитарона

Эъломи оғози амалиёти муҳосараи дарёии режими саҳюнистӣ дар баҳри Медитарона (Миёназамин)

Ахбори байналмилал

Alalam

Дақоиқе баъд аз таҷовузи низомии бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе, 24 январ)-и Омрико ба пойгоҳҳои муқовамат дар ғарби Ироқ, ин ҳамалот бо вокуниши тунди гурӯҳҳои муқовамат ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши Алъолам, гурӯҳҳои муқовамати “Катоиби Ҳизбуллоҳ” ва “Катоиби Сайидушшуҳадо”-и Ироқ бомдоди чаҳоршанбе гуфтанд, ки амалиёт алайҳи пойгоҳҳои ишғолгарони омрикоӣ то замони таваққуфи ҷанги Ғазза идома хоҳад дошт.

Абуало Алоӣ, дабири кулли гурӯҳи муқовамати “Катоиби Сайидушшуҳадо”-и Ироқ, бомдоди чаҳоршанбе гуфт: “Дар ҳоле, ки омрикоиҳо дубора ба мо ҳамла карданд, размандагони мо ҳам марҳилаи дуввуми амалиёти худро оғоз мекунанд.”

Алоӣ тавзеҳ дод: “Марҳилаи дуввуми амалиёти мо шомили муҳосараи киштиронӣ ва ҳамлу нақли дарёии режими саҳюнистӣ дар баҳри Медитарона ва ҳазфи бандарҳои ин ниҳоди ғосиб аз хидмат аст.”

Вай ҳамчунин афзуд: “Амалиёти мо то рафъи муҳосараи ноодилонаи Ғазза ва таваққуфи кушторҳои ҳавлноки саҳюнистҳо алайҳи мардуми он идома хоҳад дошт.”

Аз сӯйи дигар, Ҷаъфар Ҳусайнӣ, сухангӯи низомии гурӯҳи муқовамати “Катоиби Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ низ гуфт: “Мо ҳамчунон ба ҳамла алайҳи пойгоҳҳои душман идома медиҳем, то замоне, ки мардуми мо дар Ғазза ба пирӯзӣ бирасанд.”

Ҳусайнӣ дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ) навишт: “(Ҳамалот) то замоне, ки мошини куштори ваҳшиёна (-и Исроил) мавриди ҳимояти Омрико (алайҳи Ғазза) мутаваққиф шавад ва кулли муҳосара бардошта шавад, идома меёбад. Ин ваъдаи озодагон аст.”

Вазири дифоъи Омрико бомдоди чаҳоршанбе гуфт, ки дар вокуниш ба ҳамлаи мушаки болистик ба пойгоҳи Айнуласад ва захмӣ шудани низомиёни омрикоӣ, мавозеъи Катоиби Ҳизбуллоҳро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Давлати Омрико дар ҳоле ба соддагӣ таҷовузи низомӣ ва ғайриқонунӣ ба хоки Ироқро тавҷеҳ мекунад, ки чанде пеш муддаӣ шуда буд, амалиёти мушакии ахири Эрон алайҳи мавозеъи гурӯҳҳои теруристӣ – ки ҳамалоти ҷинояткоронаеро дохили Эрон анҷом дода буданд – ноқизи ҳокимият ва тамомияти арзии Ироқ аст.

Alalam

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи талофиҷӯёнаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи низомии Амрико
Ҳамлаи ногаҳонии Амрико ба Ироқ

Матолиби пурбоздид