Ҳамлаи муқовимати Ироқ ба Исроил

Ҳамлаи муқовимати Ироқ ба Исроил

Ҳамлаи паҳподии муқовамати Ироқ ба бандари Ашдод дар Исроил

Ахбори байналмилал

Mehrnews  

Манобеи хабарӣ бомдоди панҷшанбе (25 январ) гузориш доданд, ки муқовамати исломии Ироқ бандари Ашдод воқеъ дар ғарби Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, бархе манобеъи хабарии Ироқ бомдоди панҷшанбе дар хабаре фаврӣ эълом карданд, ки бандари Ашдод дар Фаластини ишғолӣ ҳадафи ҳамлаи нерӯҳои муқовамат қарор гирифтааст.

Аз сӯйи дигар, шабакаи хабарии Алмаёдин низ аз Ироқ гузориш дод, ки бандари ишғолии Ашдод, бо паҳпод ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ҳанӯз ҷузъиёте аз хасороти эҳтимолӣ ва талафоти ин ҳамла гузориш нашудааст.

Гуфтанист, бо оғози ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва бомбборонҳои бевақфаи манотиқи маскунӣ, омӯзишӣ ва дармонии ин минтақа аз сӯйи бомбафканҳои режими Телавив, ҳар як аз гурӯҳҳои муқовамати исломии минтақа вазифаеро дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ба ӯҳда гирифтааст.

Дар ин байн гурӯҳҳои ироқӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои омрикоӣ дар Ироқ ва Сурия, ба омрикоиҳо тафҳим кардаанд, ки ҳазинаи ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар куштори мардуми Ғазза бисёр боло аст.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барномарезии хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ
Ҳамла ба киштии амрикоӣ дар халиҷи Адан

Матолиби пурбоздид