Расонаи амрикоӣ: Пас аз 120 рӯз ҳамла, тунелҳои Ҳамос ҳанӯз солим аст

Wall Street Journal: Пас аз 120 рӯз ҳамла, 80 дарсади тунелҳои Ҳамос ҳанӯз солим аст
Ахбори байналмилал
Бархе мақомоти омрикоӣ ва режими саҳюнистӣ гуфтанд, ки ҳудуди 80 дарсад аз шабакаи тунелҳои Ҳамос дар зери Ғазза, пас аз ҳафтаҳо талоши Исроил барои нобудии онҳо солим аст, ки монеъ аз таҳаққуқи аҳдофи аслии кобинаи Исроил дар ҷанг мешавад.
Ин мақомот ба Wall Street Journal гуфтанд, ки ҷилавгирии Ҳамос аз истифода аз тунелҳо тамоми талоши режими Исроил барои дастгирии раҳбарони аршади Ҳамос ва озодии асирони боқимондаи исроилӣ аст.
Режими Исроил ҳамалоти сангинеро ба бемористонҳо ва дигар зерсохтҳои калидии Ғазза ба баҳонаи тахриби тунелҳои Ҳамос анҷом дода буд.
Ин рӯзнома тӯли тунелҳои Ҳамос дар борикаи Ғаззаро беш аз 300 мойл ё тақрибан ниме аз тӯли метрои Ню-йорк баровард кардааст ва хотирнишон кардааст, ки размандагони Ҳамос аз тариқи ин тунелҳо ба анбори силоҳ ва муҳиммоти худ дастрасии муносибе доранд.
Гуфтанист, Исроил ба равишҳои мухталиф ба дунболи поксозии тунелҳо аз ҷумла пур кардани онҳо аз оби баҳри Медитарона, инҳидоми онҳо бо ҳамалоти ҳавоӣ ва маводди мунфаҷираи мойеъ, ҷустуҷӯи онҳо бо саг ва робот, тахриби вурудиҳои онҳо ва юриши шадид ба онҳо тавассути сарбозони омӯзишдида буд.
Бархе мақомоти омрикоӣ тахмин мезананд, байни 20% то 40% аз тунелҳо, ки бештар дар шимоли Ғазза ҳастанд, осеб дида ё ғайрифаъол шудаанд.
Бархе мақомоти омрикоӣ гуфтанд, Исроил дорои ягонҳои мутахассис дар поксозии тунелҳост, аммо бисёре аз ин нерӯҳо муташаккил аз муҳандисоне ҳастанд, ки барои тахриб, на ҷустуҷӯи асирон ва раҳбарони Ҳамос омӯзиш дидаанд.
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати Ироқ ба аҳдофи низомӣ дар Исроил
Муқовамати исломии Ироқ ҳамла ба пойгоҳи низомии Омрикоро ба ӯҳда гирифт

Матолиби пурбоздид