Ғазза ва инсоният

Таҳлили хабарӣ

Ғазза ва инсоният

Азиз Сангин

Он чи дар Навори Ғазза мегузарад, фоҷиаи бузургу гӯшношуниди инсонӣ ва ҷаҳонист.

Онҳое, ки ба ин фоҷиа аз дидгоҳи танги қавму нажоду миллату дину… нигоҳ мекунанд, ё аз умқу вусъати он огоҳ нестанд, ё ончунон дар мурдоби таассуботи худ ғарқанд, ки инсонияти худро аз ёд бурдаанд.

Ёдашон рафта, пеш аз он ки мутааллиқ ба қавму нажоду оине бошанд, офаридае ҳастанд ба номи ИНСОН- махлуқе дорои хирад, дил ва эҳсос…

МЕТАРСАМ АЗ СУКУТ!

Фариштаҳои поки Фаластин!

Ки села-села сӯи Худо пар гушудаед,

Оё аз он Ҷаноб,

З-он офаридгоратон ҳарфе шунидаед?

Ҳарфе ба ҳаҷми фоҷиа!

Ҳарфе ба ранги хуни шаҳидони бегуноҳ!

Ҳарфе ба вазни “Оҳ!”

Ҳарфе нагуфт? На?!

…   …   …

Метарсам аз сукут!

Метарсам аз сукути аломати…

Метарсам аз сукути Худо!

Азиз Сангин

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маро мағрур махон дигар
Вақте футбол ин ҳама тағйиру таҳаввул эҷод мекунад – 2

Матолиби пурбоздид