Ансоруллоҳи Яман: “Терури шаҳид ал-Соъидӣ, таҷовуз ба тамоми мардуми Ироқ аст”

Ансоруллоҳи Яман: “Терури шаҳид ал-Соъидӣ, таҷовуз ба тамоми мардуми Ироқ аст”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати Ансоруллоҳи Яман бомдоди панҷшанбе (8 феврал) шаҳодати Абубоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи теруристии Омрикоро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дафтари сиёсии ҷунбиши муқовамати Ансоруллоҳи Яман бомдоди панҷшанбе шаҳодати Абубоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи теруристии Омрикоро ба шиддат маҳкум кард.

Ансоруллоҳи Яман тай баёнияе гуфт: “Терури ин фармондеҳи Ҳашди шаъбӣ, як таҷовузи ҷинояткоронаи ноҷавонмардона аст, ки дар чорчӯби ҳимояти Омрико аз режими саҳюнистӣ сурат мегирад. Ҳадаф қарор додани шаҳиди муҷоҳид Абубоқир ал-Соъидӣ таҷовуз ба кулли мардуми Ироқ аст.”

Дар ин баёния омадааст: “Таҷовузоти Омрико нишондиҳандаи мизони таъсир ва асарбахшии ҳамалоти муқовамати Ироқ дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Ғазза аст. Ин таҷовуз, нотавонии Омрико ва Исроил дар таваққуфи ҳамалоти муқовамати исломӣ дар Ироқро нишон медиҳад.”

Ансоруллоҳ бо баёни ин ки ҳузури Омрико дар Ироқ ва минтақаи ғарби Осиё далели аслии бесубот шудани амнияти минтақа ва бо ҳадафи ҳифозат аз режими саҳюнистӣ аст, таъкид кард: “Ин ҳамалоти мукаррари Омрико ба мардум (-и Ховари Миёна) таъсире бар мавзеъи онҳо дар ҳимоят аз мардуми Фаластин нахоҳад дошт.”

Дар поёни ин баёния омадааст: “Мо ба миллати Ироқ ва муқовамати исломӣ дар Ироқ таслият мегӯем ва фидокориҳои бузургашонро барои дифоъ аз мардуми Фаластин табрик мегӯем.”

Пеш аз ин, манобеъи ироқӣ шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи паҳподҳои ношинос ба як худрави ғайринизомӣ дар шарқи Бағдод хабар дода буданд, ки ба дунболи он, гузоришҳое аз шаҳодати чанд нафар дар бархе расонаҳо мунташир шуд.

Соате баъд гурӯҳи муқовамати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар баёнияе таъйид кард, ки Абӯбоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳ ва созмони Ҳашди шаъбӣ, дар ин ҳамлаи теруристии Омрико ба шаҳодат расидааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин терури фармондеҳи Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқро маҳкум карданд
Баёнияи Фармондеҳии марказии Омрико дар бораи ҳамла ба Бағдод

Матолиби пурбоздид