Мутолиа асоси муваффақият

Фарҳанг

Мутолиа асоси муваффақият

Фақат 15 дақиқа мутолиа дар рӯз…

Мутолиа чӣ аҳамияте дар пешрафтҳои амалӣ дар зиндагӣ дорад?

Чӣ гуна ба мутолиаи рӯзона худро одат диҳем?

Мутолиа ва ёдгирӣ, яке аз мабонии аслии муваффақият аст.

Фақат понздаҳ дақиқа мутолиа дар рӯз, тамоми чизест, ки барои эҷоди тафовути воқеӣ ва рушду пешрафт дар зиндагӣ, инсон ба он ниёз дорад.

Афроди муваффақ касоне ҳастанд, ки аз ёдгирии худ ва мутолиаи рӯзонаи худ, эҳсоси роҳатӣ мекунанд.

Мо дар зиндагиамон бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастем, бархе аз ин мушкилот рӯзмарра ҳастанд ва баъзеи онҳо дар як замони хос ва шароити хоссе пеш меоянд. Пас мутолиаи  худро аз мавзӯи ҳамин мушкилоте оғоз кунем, ки дар шароитҳои хос бароямон пеш меояд.

Ба баёни дигар, барои пайдо кардани роҳи ҳалли мантиқӣ дар мушкилоти зиндагиамон, аз мутолиаи китоб ва адабиётҳои марбут ба он мавзӯъ, кумак бигирем.

Баъзе аз афрод, аз мутолиа лаззат намебаранд ва ё барои мутолиа ҳавсала надоранд, ба унвони роҳи ҳал, барои ин афрод, роҳи тундхонӣ ё тезхонӣ пешниҳод мешавад.

Тундхонӣ дар сартосари ҷаҳон бисёр маҳбуб аст ва бисёре аз афроди муваффақ аз он барои беҳбуди фаъолиятҳои худ ва рушду пешрафти худ, истифода кардаанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати даҳ нафар дар бомбборони Рафаҳ
Амалиёти муқовамати Фаластин дар қалби Исроил

Матолиби пурбоздид