Торих – реша ва моҳияти башар

Таърих

Торих – реша ва моҳияти башар

Реша, ки дошта бошӣ, ба лабаи партгоҳ меоӣ, аммо суқут намекунӣ реша; тарбият, инсоният ва шарафи инсон аст ва рабте ба пулу сарват ва таҳсилот надорад.

Гёте

***

Уил Дюран дар мавриди торих мегӯяд:

Бахши умдаи торих ҳадс аст ва бақия таассуб.

***

Торих намеофаринад, балки кашф мекунад. Торих аз тариқи мавқеиятҳои бесобиқа, парда аз он чи инсон ҳаст, парда аз ончи дерзамон дар инсон вуҷуд дорад, парда аз он чи имконоти инсонро ташкил медиҳад, бармедорад.

Милон Кундеро

***

Баргардондани тасовири оваехта бар девор, масири торихро дигаргун намекунад.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру

***

Торих ба маънои ҷангҳо ва шарҳи зиндагии чанд нафари камшуморе нест, ки шоҳ шуда ва ё сардорони бузурге будаанд. Торих бояд дар бораи мардуми як кишвар барои мо сухан бигӯяд, ки чӣ гуна зиндагӣ мекарданд, чӣ корҳое анҷом медоданд ва чӣ гуна меандешиданд. Торих бояд аз ранҷҳо ва шодиҳои онон ва аз душвориҳо ва мушкилоташон барои мо сухан бигӯяд ва бигӯяд, ки чӣ гуна бар ин душвориҳо чира шуданд.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру

***

Ман намегӯям тӯдаи миллати мо қосир аст ё муқассир, вале торихи мо нишон медиҳад, ки ин тӯда ҳофизаи торихӣ надорад.

Ҳофизаи дастаҷамъӣ надорад, ҳеч гоҳ аз таҷрибаҳои айнии иҷтимоиаш чизе наомӯхта ва ҳеч гоҳ аз он баҳрае нагирифтааст ва дар натиҷа ҳар ҷо корд ба устухонаш расида, ба паҳлӯи дигар хобида, аз ибтизоле ба ибтизоли дигар ва ин ҳаракати арзиро ҳаракате дар ҷиҳати пешрафт ангошта, худашро фирефтааст.

Аҳмад Шомлу

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маод – XYIII
Ҷумалоти омӯзанда аз Суқрот

Матолиби пурбоздид