Сиёсати бидуни шарофат

Сиёсати бидуни шарофат

Маҳатма Гандӣ

Ончи моро ба нобудӣ хоҳад кашонд, аз ин қарор аст:

сиёсати бидуни шарофат,

лаззати бидуни виҷдон,

илми бидуни шахсият ва

тиҷорати бидуни ахлоқ…

***

Чӣ монее вуҷуд дорад, ки ишқ натавонад онро аз миён бардорад?

***

Ҳамон тағйире бош, ки мехоҳӣ дар дунё бубинӣ.

***

Ман ҳеч гуноҳеро бузургтар аз ин намешуморам, ки бегуноҳонро ба номи Худо зери фишор қарор диҳанд.

***

Поксозии фасод монанди назофат ва поксозии зинапояҳост, бояд аз боло шурӯъ шавад.

***

Бахшидани касе, ки ба ту бадӣ кардааст, тағйири гузашта нест, тағйири оянда аст.

***

Ман тарҷеҳ медиҳам, насли башар мунқариз шавад, то ин ки мо пасттар аз ҳайвонот шавем ва занонро – бошукӯҳтарин махлуқи Худовандро, василаи шаҳвати худ кунем.

***

Ман фақат талош мекунам, ки аз роҳи хидмат ба башрият Худоро бубинам, зеро медонам, ки Худо на дар осмонҳост ва на дар аъмоқи замин, балки дар вуҷуди ҳар инсонест.

***

Оянда бастагӣ ба ин дорад, ки имрӯз мехоҳед чӣ кор бикунед.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳрубониро ба лабханд хоҳам фурӯхт
Филми “Даврон” дар ҷашнвораи байналмилалии филми Фаҷри Теҳрон

Матолиби пурбоздид