Фармондеҳи омрикоӣ: “Ҷанг бо артиши Яман дар баҳри Сурх, бузургтарин набарди дарёии Омрико аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум аст”

Фармондеҳи омрикоӣ: “Ҷанг бо артиши Яман дар баҳри Сурх, бузургтарин набарди дарёии Омрико аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум аст”

Ахбори байналмилал

Businessinsider

Яке аз фармондеҳони нерӯи дарёии Омрико бо эътироф ба тавони артиши Яман, унвон кард: “Ҷанг бо онҳо дар баҳри Сурх, бузургтарин набарди дарёие аст, ки Омрико аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум бо он мувоҷеҳ будааст.”

Ба гузориши Business Insider, дарёдор Брэд Купер гуфт: “Фикр мекунам, барои пайдо кардани мушобеҳи ин ҷанг, мо бояд ба ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ баргардем, замоне, ки киштиҳо даргири набард буданд.”

Купер, ки муовини Фармондеҳии марказии Омрико (Centcom) аст, гуфт: “Нерӯи дарёии Омрико 7000 нерӯ ба баҳри Сурх фиристодааст.”

Гуфтанист, Омрико барои муқобила бо артиши Яман эътилофе дарёӣ эҷод карда, аммо ҳеч кадом аз ин тамҳидот натавониста муассир бошад ва дар тозатарин рӯйдод дар баҳри Сурх сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман имрӯз аз анҷоми амалиёти ҷадид тавассути артиши ин кишвар алайҳи як киштии ангилисӣ ва як паҳподи мутаҷовизи омрикоӣ хабар дод.

Businessinsider

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуои падару модар дар ҳаққи фарзанд
Cарнагунии паҳподи омрикоӣ бар фарози бандари Алҳадидаи Яман

Матолиби пурбоздид