Дуои падару модар дар ҳаққи фарзанд

Дуои падару модар дар ҳаққи фарзанд

Дар Қуръони Карим, сифоти “ибодур раҳмон”-ро баршумурда ва яке аз сифоти ононро дуо барои доштани ҳамсарон ва фарзадоне медонад, ки сабаби рӯшноии чашми падаранд: “Парвардигоро, ҳамсарон ва фарзандонамонро мояи рӯшании чашми мо қарор деҳ ва моро барои парҳезгорон пешво гардон”. (Сураи муборакаи Фурқон, ояти 74).

Маҷлисӣ (яке аз уламои исломӣ) мегӯяд: “Дар саҳаргоҳе, пас аз намози шаб ва ба ҳангоми муноҷот бо Парвардигор, ҳоли хуше ба ман даст дод, ки дарёфтам, агар дар он ҳангом дархосте намоям, иҷобат хоҳад шуд. Андешидам, ки чӣ дуое ва дархосте намоям, ки ногоҳ садои гиряи фарзандам аз гаҳвора баланд шуд. Бедиранг гуфтам: Парвардигоро, ба ҳаққи Муҳаммаду оли Муҳаммад(с) ин кӯдакро аз мубаллиғони динат, ноширони аҳкоми паёмбарат… қарор деҳ ва ӯро ба тавфиқҳои бепоён ноил гардон”. Ва ин кӯдак ҳамон муҳаддиси маъруф – Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ, аз бузургтарин фуқаҳо ва олимони дин гардид…

Чӣгуна барои фарзандонамон дуо кунем то муассир бошад ва саодати онҳоро дарбар гирад, дар ин замина, дуои зебое аз Имом Зайнулобидин(р) дар ҳаққи фарзанд нақл шудааст, ки тарҷумаи онро барои Шумо азизон меоварем:

 

Дуо барои фарзандон

Худовандо, бар ман миннат гузор ба бақои фарзандонам ва ба шоиста намудани онон барои ман ва ба бархурдории ман аз онон.

Худовандо, умри ононро барои ман тӯлонӣ гардон ва бар айёми зиндагиашон барои ман бияфзо ва хурдсолашонро барои ман тарбият кун ва нотавонашонро бароям ниру деҳ ва баданҳо ва динашон ва ахлоқашонро бароям ба саломат дор. Ононро дар ҷону аъзо ва ҳар корашон, ки ба он эҳтимом дорам, офият бахш ва барои ман ва ба дасти ман рӯзии ононро вусъат деҳ.

Ононро некӯкорони ботақво ва соҳибони басирату шунавои ҳақ ва мутеи худ гардон ва нисбат ба авлиёи худ ошиқу хайрхоҳ ва нисбат ба душманонат, душману кинатӯз қарор деҳ, илоҳӣ вазъи фарзандонам инчунин бод.

Худовандо, бозуямро ба вуҷудашон нируманд ва ихтилоли умурамро ба онон ислоҳ гардон ва таборамро ба сабаби онон бисёр ва маҷлисамро ба вуҷудашон ороста кун ва ёдамро ба онон зинда дор ва дар набудам корамро ба василаи онон кифоят кун ва ба дасти онон дар баромадани ниёзам маро ёрӣ деҳ. Ононро ошиқи ман гардон ва меҳрубононе, ки пайваста фармонбари ман бошанд ва аз ман итоат кунанд ва рӯй дар нофармонии ман наниҳанд ва нисбат ба ман нофармонӣ ва бадию мухолифат ва хато надошта бошанд. Маро дар тарбият ва хубӣ кардан дар ҳаққашон ёрӣ фармо. Ва аз инояти худ, илова бар онон, ба ман фарзандони зукур бахш ва дар ин кор бароям хайр қарор деҳ ва ононро дар он чӣ аз ту мехоҳам, ёвар соз.

Маро ва авлоди маро аз шайтони рондашуда ҳифз кун, ки ту моро офаридӣ ва ба мо амру наҳй фармудӣ ва дар аҷри итоат аз амри худ ташвиқ кардӣ ва ба азоби иртикоби наҳйи худ таҳдидамон намудӣ ва барои мо душмане қарор додӣ, ки бо мо найранг мекунад ва ӯро бар мо мусаллат додӣ, ки моро ба он андоза бар ӯ султа нест, ӯро дар дилҳои мо ҷой додӣ ва дар маҷории худамон равон кардӣ, агар мо аз ӯ ғафлат кунем, ӯ аз мо ғофил нагардад ва агар фаромӯшаш кунем, ӯ моро фаромӯш накунад, моро аз иқоби ту эмин кунад ва аз ғайри ту битарсонад, чун ба кори зишт ҳиммат кунем, моро ба он далер менамояд ва чун ба амали солеҳ рӯй оварем, моро аз он бозмедорад, бо шаҳавот дар ҷустуҷӯи мост ва дар роҳи мо доим шубҳа насб кунад, агар моро ваъда диҳад, дурӯғ мегӯяд ва агар ба навиде дил хуш кунад, тахаллуф менамояд ва агар ту ҳила ва найрангашро аз мо нагардонӣ, моро гумроҳ мекунад ва агар аз фасоди ӯ нигоҳамон надорӣ, моро дучори лағзиш менамояд.

Худовандо, забардастии ӯро ба забардастии худат аз мо дур кун то ба сабаби касрати дуоямон ӯро аз мо боздорӣ, то дар паноҳат аз найранги ӯ, дар тоифаи бегуноҳон қарор гирам.

Худовандо, тамоми хостаҳоямро ато кун ва ҳавоиҷамро баровар ва маро аз иҷобати дуо мамнӯъ макун, ки ту худ истиҷобати дуоро бароям зомин шудаӣ ва дуоямро аз худат маҳҷуб мадор, ки ту маро ба дуо фармон додаӣ ва ҳарчиро, ки дар ин ҷаҳону он ҷаҳон боиси ислоҳи ҳолам шавад, ба ман каромат кун, хоҳ ёдовар шуда, хоҳ фаромӯш карда бошам, изҳор карда ё пӯшида бошам, ошкоро дархост намуда бошам ё дар пинҳонӣ ва дар тамоми ин ҷиҳот ба сабаби тақозое, ки танҳо аз ту дорам, маро аз касоне, ки кори худ ба ислоҳ оваранд, қарор деҳ, онон, ки ба дархосташон аз ту дар шумори комёбон шуданд ва ба хотири эътимод бар ту маҳрум аз лутфат нашуданд. Аз он гурӯҳ, ки ба паноҳ овардан ба ту, хӯ карда ва аз тиҷорат бо ту, суди саршор бурданд, онон, ки дар паноҳи иззатат нишастанд ва ба ҷуду карамат аз фазли восеи ту рӯзии ҳалоли васеъ ёфтанд ва ба инояти ту аз хорӣ ба иззат расида ва аз ситам дар паноҳи адолат зиндагӣ мекунанд ва ба раҳматат аз бало раҳида ва ба бениёзии ту аз фақру надорӣ ба тавонгарӣ расидаанд ва ба ҳифзи ту аз гуноҳон ва лағзишҳо ва хатоҳо дар амон монда ва дар сояи тоатат ба хайру рушд ва савоб муваффақ гардидаанд ва ба қудрати ту миёни онон ва гуноҳон ҳоиле эҷод шуда ва ҳар гуна нофармонии туро ба замин ниҳода ва дар ҷавори раҳматат сокин шудаанд.

Худовандо, ҳамаи ин умурро ба тавфиқ ва раҳмати худ ба мо ато фармо ва моро аз азоби дӯзах паноҳ деҳ ва ба тамоми мардону занони мусалмон ва мардону занони боимон ҳамаи ончиро, ки барои худ ва фарзандонам аз ту хостам, дар ин ҷаҳон ва он ҷаҳон ато кун, ки ту наздику иҷобаткунанда ва шунавою доно ва афвкунандаву омурзанда ва дилсӯзу меҳрубон ҳастӣ.

Ва моро дар ин дунё ҳасана ва дар он дунё ҳасана марҳамат фармо ва аз азоби ҷаҳаннам ҳифз намо.

(Ниёиши 25-ӯми Саҳифаи Саҷҷодия)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хашму ғазаби худро чӣ гуна маҳор кунем?
Фармондеҳи омрикоӣ: “Ҷанг бо артиши Яман дар баҳри Сурх, бузургтарин набарди дарёии Омрико аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум аст”

Матолиби пурбоздид