Дуздии беш аз ду миллион сомонӣ аз ҷониби раҳбарони шабакаи барқи Панҷакент

Дуздии беш аз ду миллион сомонӣ аз ҷониби раҳбарони шабакаи барқи Панҷакент

Ахбори минтақа

Бозпахш аз Bomdod

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабаp дод ва гуфт, сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент Эргашев Б.С. бо истифода аз ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар чанд ҳолат ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир кардаанд.

Маркази матбуоти Агентии зидди коррупсия мегӯяд: “Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизоти барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2 миллиону 136 ҳазору 613 сомонию 31 дирам бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд”.

Аммо Агентии зидди коррупсия дар иттилоияаш таъкид кардаст, ки маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шудааст. Ин ба маъноест, ки масъулони қалбдаст акнун метавонанд бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос бихӯранд. Бо ҷарима халос хӯрдани мансабдорони бо ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастафтода дар Тоҷикистон, мутаассифона, як амри роиҷ шудааст ва ҳатто метавон гуфт, ба ҳукми анъана даромадааст.

Bomdod

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қарзи 246 миллион долларии Жопон ба Узбекистон барои ислоҳоти иқтисодӣ
Маҳалгароиву ҷудоихоҳӣ меваи ноадолатӣ ва фишору ваҳшатафкании ҳукумати марказист

Матолиби пурбоздид