Саргузашти забони порсӣ дар Ҳинд
Таърихи пайванди Эрону Ҳинд ба ҳазорон сол пеш бармегардад. Таърихнигорон менависанд, вақте тираҳои ориёӣ вориди сарзаминҳои Эрону Ҳинд шуданд, равобити фарҳангӣ ва забонии ин ду кишвар оғоз шуд.
Чандин сада, забони расмӣ ва адабии Ҳинд порсӣ буд. Забони порсӣ тавассути: 1- муҳоҷирон; 2- адибону шоирон; 3- сӯфиён; 4- лашкариёну ҳокимон дар Ҳинд нуфуз пайдо кардааст.
Дар бораи пешинаи ривоҷи забону адаби порсӣ дар шибҳиқорраи Ҳинд, аз мадорики таърихӣ чунин бармеояд, ки дар садаи севвуми ҳиҷрӣ барои нахустин бор ҳиндуҳо фурсат ёфтанд, то бо порсизабонон ошноии дақиқ пайдо кунанд.
Пас аз ҳамлаи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон дар аввалҳои садаи панҷуми ҳиҷрӣ, забони порсӣ бо вуруди сипоҳиёни Маҳмуд дар шибҳиқорра густариш меёбад. Албатта набояд саҳми сӯфиёнро, ки мубаллиғони аслии ислом ва забони порсӣ буданд, фаромӯш кард. Сӯфиёне чун Ҳуҷвирӣ, Хоҷа Муъинуддини Чаштӣ, Шайх Баҳоуддин Закариёи Мултонӣ, Сайидашрафи Ҷаҳонгири Симнонӣ, Сайидалии Ҳамадонӣ ва ғайра, ки бо гуфтору кирдорашон бар шумори мусалмонон ва порсизабонон афзуданд.
Ҳукумати подшоҳони мусалмон, бавежа подшоҳони порсигӯйи Ҳиндустон дар саросари шибҳиқорраро ҳам набояд аз ёд бурд, зеро онон бо ҳимоят ва пуштибонии фаровони худ аз уламо, донишмандон, сарояндагон, адибон, ҳунармандон ва соири фарҳехтагон мӯҷиби шукуфоӣ ва равнақи забони порсӣ шуданд. Забони порсии Ҳиндустон шоирони бузурге ҳамчун Амир Хусрави Деҳлавӣ, Зебуннисо, Бедили Деҳлавӣ ва Иқболи Лоҳурӣ ва дастгоҳи шеърии сабки ҳиндиро дар худ парваронд.
Бархе аз хонадони умарои ноҳияҳои мухталифи Ҳиндустон — монанди подшоҳони Удр дар Лакнҳу ва умарои Беҳупол ва хонадони Низом Дакан ва хонадони Волоҷоҳӣ ва ҳатто умарои Мисур аз ҷумла Типу Султон — эҳтимоми фавқулъодае дар парвариши адаби порсӣ дошта ва ҳатто таърихи Типу Султонро ба забони порсӣ навиштаанд.
Бо таъсиси Имперотурии муғули Ҳиндустон, забони порсӣ ба авҷи пешрафти худ дар Ҳинд расид ва забони расмии Ҳиндустон шуд. Расмият ёфтани забони порсӣ ба унвони забони дин, сиёсат, адаб ва ҳунар дар шибҳиқорра, мӯҷиб шуд, ки илова бар падид омадани осори фаровони порсӣ дар он сарзамин тавассути аҳолии шибҳиқорра ё эрониён ва дигар муҳоҷирон, бавежа дар заминаҳои таърих, фарҳанг, дастур, ёднома (тазкира) ва иншои осори бузургони шеъру адабу ирфони Эронзамин, мавриди пазириши донишварону мутафаккирон қарор гирад ва дар бораи онҳо пажӯҳиш ё ба забонҳои гуногуни бумии сарзамини Ҳинду Покистон тарҷума шавад.
Фарҳанги вожагони порсии Ҳинд
Аз охирҳои қарни ҳаштум ба баъд, донишмандони Ҳинд ба луғати порсӣ ва истилоҳоти шеърӣ беш аз эрониён таваҷҷӯҳ карданд, зеро 12 фарҳангномаи порсиро — марбут ба охирҳои садаи ҳаштуми шамсӣ то охири садаи даҳумро — порсигуёни Ҳиндустон гирдоварӣ карданд. Аз муҳимтарини онҳо метавон ба мавориди зер ишора кард:
1) “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ” ба соли 1017 ш, ки беҳтарин ва ҷомеътарин фарҳанги порсӣ аст. Муаллифи он Ҷамолуддин Ҳусайн Анҷавии Шерозӣ яке аз умарои дарбори Акбаршоҳ ва фарзанду ҷонишини ӯ Ҷаҳонгиршоҳ, буд;
2) “Бурҳони қотеъ”, таълифи Муҳаммад Ҳусайн мутахаллис ба Бурҳон, ки соли поёни таълифаш 1062 ш. аст;
3) “Фарҳанги Рашидӣ”, таълифи Абдуррашид Алҳусайнӣ, аз мардуми Синд аст;
4) “Баҳори аҷам”, таълифи Лолатикчанд мутахаллис ба Баҳор аст. Дар соли 1152 ш. ба итмом расида;
5) “Анҷумани орои Носирӣ”, таълифи Ризоқулӣ Ҳидоят, аз риҷоли номии салтанати Носируддиншоҳи Қоҷор, ки ба соли 1288 ш. поён ёфта ва дар ҳамон сол ҳам чопи сангӣ хӯрдааст. Ин фарҳанг бар асоси “Бурҳони қотеъ” навишта шуда ва ду бор ба чопи сангӣ расидааст;
6) “Ғиёсуллуғот”, таълифи Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ, ки 14 сол ранҷ бурда ва китоби худро дар соли 1242 ш. ба поён расондааст;
7) “Фарҳанги Онандроҷ”, таълифи Муҳаммадподшоҳ мутахаллис ба Шод, муншии Маҳороҷа Мирзо Онанд Гуҷиптӣ аст.
Пешинаи чопи китоб ва рӯзномаи порсӣ дар Ҳинд
Чопи порсӣ дар Шарқ, аз Ҳиндустон оғоз шуд. Дар Ҳинд нахустин мошини чоп барои чопи порсиро Чорлз Вилкинз (Charles Wilkins), донишманди забоншинос сохт. Ин мошин бо хатти настаълиқ кор мекард. Нахустин фарҳанги дузабонаи порсӣ-англисӣ дар Ҳинд ба соли 1780 милодӣ бо унвони “A Compendious Vocabulary English and Persian” навиштаи Фронсис Глодвин (Francis Gladwin) бо ин дастгоҳ ба чоп расид ва дар соли 1781 милодӣ нахустин китоби порсӣ дар Ҳинд бо унвони “Иншои Ҳеркерн” бо он чоп шуд.
Ховаршиносоне, ки дар кумпонии Ҳинди Шарқӣ кор мекарданд, ба кишвардорон суфориш мекарданд, ки чун ҳиндуҳо ва мусалмонон гароише ба пазириши фарҳанги навини ғарбӣ надоранд, беҳтар аст даст ба оростан ва нерӯбахшӣ ба мазоҳири тамаддунҳои мавҷуд дар шибҳиқорра бизананд. Кумпонӣ низ ба ин роҳбурд рӯй овард, то ҷое, ки ҳазинаҳои калон барои чопи китобҳои порсӣ пардохт, аз ҷумла тахсиси 2000 пунд барои чопи комили осори Абӯалӣ ибни Сино. Аммо ин даврони тилоӣ дар 7-уми марти 1835 бо рӯи кор омадани ҳукмрони ҷадид Сэр Чорлз Трулиён ба поён расид. Ӯ эълом кард, ки дигар будҷае барои чопу ривоҷ додани забони шарқӣ ихтисос нахоҳад ёфт ва беҳтар аст ҳиндиён саргарми адабиёту ҳунари урупоӣ шаванд. Бо ин ҳама, чопи китобҳои порсӣ дар Ҳинд идома ёфт ва садаи 19-умро табдил ба яке аз дурахшонтарин садаҳои чопи китобҳои порсӣ кард.
Рӯзноманигории порсӣ дар Ҳинд, қидмате беш аз рӯзноманигории порсӣ дар Эрон дорад. Аз соли 1821 милодӣ ҳиндиҳо чопи рӯзномаҳои порсиро оғоз карданд. Ҳинд маркази муҳимми чопи рӯзномаҳое буд, ки озодихоҳон ва равшанфикрони эронии муқими Ҳинд мунташир мекарданд. То оғози ҷанги ҷаҳонии аввал аз маҷмӯи ҳудуди 47 рӯзномае, ки хориҷ аз Эрон ба забони порсӣ мунташир мешуд, Ҳиндустон бо 19 рӯзнома мақоми нахустро дошт. Дар соли 1846 милодӣ ҳамзамон 6 рӯзномаи порсӣ ба ҳаводорӣ аз ҷунбиши машрутияти Эрон дар Ҳинд чоп мешуд.
Ганҷинаҳои азими китобҳои хаттии порсӣ
Анбӯҳе аз китобҳои хаттии порсӣ, ба далели бетаваҷҷӯҳӣ ё адами имконоти нигаҳдорӣ, ё пӯсида ва аз байн рафтаанд ё дар ҳоли нобудӣ ҳастанд.
Маҷмӯаи китобҳои хаттии порсӣ дар китобхонаҳои Ҳинд ҳудуди 100 ҳазор нусха тахмин зада мешавад ва шояд бузургтарин захирае бошад, ки аз китобҳои хаттии порсӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад.
Нусхаҳои хаттӣ дар Ҳинд умуман рӯ ба нобудӣ аст. Аз як сӯ обуҳавои номусоид ва ба шиддат шарҷӣ онҳоро ба тадриҷ аз байн мебарад, ба гунае, ки на қобили истифодаанд ва на қобили мараммату бозсозӣ ва бо андак тамоси даст пудр мешаванд. Аз тарафи дигар, савдогарони байналмилалӣ ба захоири мактуби исломии Ҳинд ҳуҷум бурда ва нусхаҳои нафиси ҳунарӣ ва куҳани илмӣ ва исломиро аз Ҳинд хориҷ мекунанд ва ба иллати фақри фарогир дар Ҳинд шуморе аз нусхаҳои маъруф аз китобхонаҳо сирқат ва ба хориҷи Ҳинд мунтақил шудааст.
Сангнавиштаҳо
Аз осори забони порсӣ, ки ҳанӯз ҳам дар саросари Ҳинд машҳуд аст, қабрнавиштаҳост. Аз муҳимтарини ин осор метавон ба мавориди зер ишора кард:
1) Оромгоҳи Тоҷмаҳал дар ҷаҳон сумбули ишқ шинохта мешавад. Дар дохили оромгоҳ ё даргоҳи Тоҷмаҳал қабри Шоҳиҷаҳон ва Арҷмандбону (ҳамсари эронии Шоҳиҷаҳон) вуҷуд дорад, ки бо санги мармар якпорча тазйин шудааст. Дар қабри самти рост ба хатти порсии роиҷи давраи Сафавия навишта шудааст: “Марқади мунаввари Арҷмандбону Бегим мухотаб ба Мумтозмаҳал мутаваффои санаи…”
2) Дар санги гӯри Шоҳиҷаҳон навишта шуда: “Марқади мутаҳҳари аълоҳазрат фирдавсошён соҳибқирони сонӣ Шоҳиҷаҳон тоба сароҳ санаи 1076 қ.”
3) Зарнавиштаҳо ва ашъори айвони хосси қасри қалъаи Агро;
4) Навиштаҳо ва ашъори айвон ва девораҳои қасри Акбаршоҳ дар Агро ва навиштае бо номи панҷ тани Оли Або ба хатти настаълиқ;
5) Сангнавиштаҳои порсии даргоҳи Ҷаҳонгир;
6) Бар лавҳаи санги мазори Нуриҷаҳон ва Ҷаҳонгир ин шеъри Нуриҷаҳон ҳак шудааст:
Дар мазори мо ғарибон не чароғе, не гуле,
Не пари парвона сӯзад не сарояд булбуле.
7) Рӯи мазори Ҷаҳоноро (духтари Шоҳиҷаҳон) дар даргоҳи Хоҷа Низомуддини Деҳлӣ ин байт нигор шудааст:
Ба ғайри сабза напӯшад касе мазори маро,
Ки қабрпӯши ғарибон ҳамин гиёҳ бас аст.
Истеъмори Ангилис
Забони порсӣ пеш аз он ки Ҳиндустон мустаъмараи Ангилистон шавад, забони расмии ин кишвар буд. Чун зимоми умур аз дасти мусалмонон ба дасти ангилисиҳо афтод, эшон низ дар оғоз ногузир шуданд аз забони порсӣ барои умури расмӣ ва девонӣ баҳра гиранд. Дар даврони ҳукумати ангилисиҳо ба таври табиӣ ба забони англисӣ таваҷҷӯҳи бештаре мешуд, аммо порсиро дар канори ангилисӣ ба кор мебурданд. Ҳамчунин баъзе аз забонҳои бумии Ҳинд низ барои иртиботот аҳаммияте ёфтанд, аммо дар соли 1832 милодӣ бо зӯр ангилисиро ҷойгузини порсӣ карданд ва Чорлз Трулиён дар соли 1836 забони ангилисиро ба ҷойи забони порсӣ расмият дод.
Забони порсӣ барои ҳиндиҳо забони хориҷӣ ва танҳо як забон нест, балки як фарҳанг аст, аммо мутаассифона забони порсӣ дар шибҳиқорраи Ҳинд охирин нафасҳои худро мекашад ва барои наҷоти он коре сурат намегирад. Гарчи дигар наметавонем орзу кунем забони порсӣ дар Ҳинд ҷойгоҳи қаблии худро думартиба ба даст биёварад, умедворем ҳиндиҳо, ки муддатҳо таърихи худро ба забони порсӣ менавиштанд, ин масирро ба беҳтарин ваҷҳ дунбол кунанд.
Манбаъ: Kojaro
Istaravshani
Қаламонлайн